Иди Музаффарият муборак!

Ҳамкасбони муҳтарам ва ниҳоят гиромӣ!

Имрӯз мову Шумо дар арафаи ҷашнгирии Иди Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор дорем. Ҳоҷат ба гуфтан нест, ки ин ҷанг чи гуна ҳодисаи пурдаҳшату пурваҳшат буд, чунки ҳамаи мо инро ба хуби медонем. Ин Ғалабаи халқи советӣ аз болои Германияи фашистӣ музаффарияти нотакрори башарият аст, ки боиси ифтихори тамоми халқҳои собиқ Иттифоқи Советӣ ва ворисони ояндаи онҳо мебошанд. Гузаштагону наздикони ҳар яки мову Шумо иштирокчиёни ин ғалаба буданд ва мо бояд сипосгузори онҳо бошем. Хотираи неки гузаштагони ин ҷангро ҳамеша пост дорем ва ба ҳар яки онҳо эҳтиром гузорем.

Қаҳрамониҳое, ки ҳамватанони мо баробари дигар халқҳои советӣ дар ин ҷанг нишон доданд беҳамто буда, лоиқи ҳазорҳо аҳсану тасанно буд, барои мо наслҳои имрӯз намунаи ибрат аст, ки мардонагию Ватандорӣ ва муҳаббату садоқатро ба Модару Ватан омӯзем.

Ман аз ин фурсати муносиб истифода бурда бар яки Шумо ва дар шахсияти Шумо аҳли хонаводаатонро бо ин Иди Ғалабаи Бузург табрику муборакбод гуфта бароятон пеш аз ҳама тинҷиву амонӣ, осмони соф, хотири ҷамъ ва зиндагонии оромро таманно мекунам.  Худо кунад, ки ҳеҷ гоҳ осмони софи болои сари мо ва умуман тамоми Сайёра дуди ғубори тиру туфангро набинад.

Ба ҳамаи онҳое, ки барои ба даст овардани ин Ғалаба саҳм гузоштаанд ва бо қиммати миллионҳо ҷони худ барои мо зиндагонии орому осоиштаро фароҳам овардаанд ҳазорҳо ҳазор ташуккур мегӯем.

Иди Ғалаба, Иди Зафар муборак!

 

Бо эҳтироми ниҳоят афзун

Раиси суди шаҳри Исфара:                                        Ҳафиззода Т.М.