Иқдоми тозаро ҷонибдорӣ менамоем

Хотирмонии Паёми имсола дар он аст, ки Пешвои миллат аз минбари баланд ба мардуми Тоҷикистон расман дар бораи расидан ба ду ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд. Зикр шуд, ки “ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқии обии “Руғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амали гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад”.

Дар Паём бо ифтихор ва сарбаландӣ зикр карда шуд, ки “Соли ҷорӣ мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энертетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт – соат неруи барқ содирот кардем”.

Пешвои миллат ба ҳадафи дуюми стратегии миллӣ дахл карда, зикр карданд, ки “Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти  коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистонро низ руйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти ичтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардуми мо арзёбӣ намуданд.

Дар ҳақиқат сифати нави муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон руйдоди бузурги таърихӣ дар тақдири минбаъдаи ин халқу миллатҳо арзёбӣ мегарданд. Ҷавҳари чунин руйдоду воқеиятро на шаклпарастӣ ва этикет дар муносибати байнидавлатӣ, балки мазмуну мундариҷаи ҳастии таърихии ин ё он давлату миллат, ҷудонопазирии гузаштаи ягона, фарҳангу анъана, урфу одат, моил будан ва ҳамдигар ва майл кардан ба наздикшавӣ ташкил медиҳад.

Муҳим он аст,ки ин равандро бе шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва нақши онҳо дар эҳёи андешаи солими давлатдорӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чунин шахсиятҳо таърих меофаранд, ҷомеаро аз ҳолати карахтӣ ба ҳолати созандагӣ мебаранд, барои ояндагон саҳифаҳои нав ва роҳи некро мекушоянд.

Судяи суди шаҳри Исфара                             Бобоҷонзода Номвар Шодиқул