ГАРОНИИ ОРМОНҲО…

                 Башарият ҳанӯз фаромӯш накардааст он даҳшатҳоеро, ки Ҷанги Бузурги Ватани ба сари халқ оварда буд. Гарчанде, ки аз рӯзи Ғалаба 74 сол сипари шуда бошад ҳам ёдовари аз он даҳшатҳо ҳиссиётеро медиҳад, ки гӯё кунан ба охир расидааст. Бо ёдовари аз он бераҳмию хунхориҳо захмҳо аз нав тоза мешаванд, мисле, ки ҳеҷ гоҳ сиҳат нашуда буданд.

         74 соли посдошти Ғалабаи бузург, солҳое буданд, ки ҳафтод маротибаи дигар мардуми совети даҳшатҳои ҷангро аз сар гузаронида ҳафтоду чор маротибаи дигар ғалаба карданд. Чунки хотираҳои давраи ҷангӣ аз худи он давра ҳам сахттар буд.

         Дар бораи маълумотҳои таърихию сиёсӣ, шумораю сабабҳои ин ҷанг дар ҳазорҳо китобҳо ва дигар сарчашмаҳо олимону муҳаққиқон сухан гуфтаанду маълумотҳо додаанд, ки ҳамагони аз дарсҳои таълими аз онҳо бохабарем. Аз ин рӯ сари ин маълумотҳо ҳарф назанем. Имрӯз сари он масъалае сухан мекунем, ки на бо ҳарф гуфта ба охир расонида мешаваду на бо шумора ҳисоб карда мешавад. Дар он хусус сухан мекунем, ки ин ҷанг ба қалбҳову хотираҳо чи мусибатҳое овард.

         Аз рӯзи Ғалабаи Бузург 74 сол сипари шудааст, 74 сол мардум ин зафариятро ҷашн мегиранд. Он кишвару шаҳрҳо, он биною хонаҳое, ки бар асари ин ҷанги хонумонсӯз харобу вайрон гашта буданд, таи ин муддат аз нав даҳчанд зебову пуршукӯҳтар қомат афрохта аз нав бунёд шуданд. Дар мӯҳташамию зебогиашон беҳамто шуданд. Аммо он харобаю вайронаҳое, ки ин ҷанг ба қалбҳову хотираҳо овард то дунё боқи обод нахоҳанд шуд. Баракс бо хотира аз онҳо бештар вайронтар мегарданд. Зеро ин ҷанг он дилҳоеро шикасту доғдор кард, ки бо меҳрашон дунёи боқи пойдор буд, дили модарон, дили падарон, дили фарзандон ва дили ёру дӯстон.

         Вақте, ки душман ба сарзамини ороми мардуми совети ҳамла кард, ин ҳуҷуми аҳдшиканона буд, ки худ аломати мағлубияташ буд, зеро ин сифати номардон буд ва чун ҳақиқати ҳастӣ тири ҳадафи номард хокхӯрда аст. Суҳби якшанбе, соати 05-00 саҳар, дақиқан вақте, ки мардуми меҳнаткаш баъди ҳафтаи кори дар рӯзи истироҳат дар хоби ноз буданд, душман ҳамлаи ҷанг кард, ки мардум ин рӯзи оромиро давоми панҷ соли дароз дигар надиданд. Шаҳди хоби ороме, ки он рӯз мардум дошт мисли як гавҳар дар назарашон монд.

         Душман то лонааш бурда дар хонаи худаш мағлуб карда шуда байроқи Ғалаба дар боми хонаи душман аз тарафи мардуми совети боло карда шуд. Ин музаффарияти нотакрори башарият буд, ки ба нархи 20 миллиони ҷонҳои қурбонгашта харидори карда шуда буд. Шояд то ҳол аскарбачаи аз тири адӯ ҳалокгашта дар майдонҳое, ки муҳорибаҳои шадид шуда гузашта буданд, дар хоки зери пои мардум бошад, ки ҷонаш рафтаву руҳаш зинда ҳасраташ дар дилаш, ки насиби маракаи дафн барояш муяссар нашуд. Ин ормон асту ин харобае ҳаст, ки ҳаргиз обод намешавад.

         Ин ҷанг падари пирероро, ки писарро аз хурди бо ҳазор умед калон карда буду, дар иҳотаи наберагонаш бо писараш давраи пири мегирифт, ноумед кард. Пири солхӯрда, аз меҳнатҳои зиёд мӯйи сараш сафед гашта, аз ҳар хаму печи рӯзгор қоматаш хам гашта, дар айёми пири асои дасташро аз даст дод. Аз нотавониҳои худ пеши тақдиру насиб ғайр аз он, ки бори пири кашад бори доғи фарзандокони бе падар мондаи писарашро мекашид. Дар охир аз ин дунё ба армон рафт, ки дасти писараш ба поя тобуташ нарасид.

         Дар ин ҷанг бузургтарин инсон барои ҳар як кас, мӯътабартарин шахс, модарон, бештар аз ҳама захм гирифтанд. Модароне, ки бо ҳазор орзуи умед писарашонро бузург карда буданд, сари гаҳворааш аз шаб то субҳ аллаю дуо хонда аз Худо талаб мекарданд, ки дар пири парасторашон шавад. Бо нияти нек барояш ҷомаҳои домоди тайёр карда, ба ҳар як духтари деҳа назар меандохтанду барои писаронашон арӯс интихоб мекарданд. Ҳамаи ин ниятҳо якбора дар дилҳои модарон ба ормон мубаддал гашт. Ба ормоне, ки дигар ҳеҷ гоҳ нахоҳад шикаста шуд. Модар аз ин дунё бо ормон рафт, бо он ормоне, ки рӯзи ҷанозааш писараш пеши ҷаноза истода ӯро ба дунёи охирон гусел накард, бо он ормоне, ки сояи дасти барои дуо бардоштаи писараш рӯи қабри мазораш наафтид. Магар ин ормонҳо гарон нестанд?

         Онҳое, ки аз ин ҷанг бо Ғалаба бо сари баланд баргаштанд, мардонавор зиндагони аз нав гирифтанд. Сар ба рӯи оғӯши падару модар гузоштанд. Ёр ба канор гирифтаву фарзандонашонро бори дигар ба оғӯш гирифта бӯйи хушашонро ба машон кашиданд. Асои дасти пири падару модар шуданд, хизмати ёр карданд, фарзандонашонро тарбия карда ба воя расониданд. Духтар гусел карданду келинд пешвоз гирифтанд. Оромию тинҷию амониро беҳтарин сарват ҳисоб карда бо ҳисси зафар сарбаландона зиндагони карданд. Дар дил ҳар чи ормоне доштанд шикастанд ва бо ҳаракату кӯшиш як як орзуҳояшонро амалӣ карданд. Хулоса умри дубора гирифтанд, ки хеле бо арзиш буд.

         Онҳое, ки пайвандонашонро аз ин ҷанг саломат боз пас гирифтанд, зиндагонӣ идома доданд. Онҳое, ки наздиконашонро дар ин ҷанг аз даст доданду барояшон номаи сиёҳ омада буд, чун насиб фармуд ба амри тақдир итоат карда, зиндагониро бидунашон, аммо ҳар рӯз бо ёди хотирашон давом доданд.  Аммо сахтарин рӯзу ҳолат ба онҳое буд, ки пайвандонашон дар ин ҷанг бе ному нишон гум шуда буданд. Онҳо на дуою фотеҳаи маргашонро карда метавонистанду на зинда буданашонро медонистанд. Модароне, ки писаранашон бе ному нишон гум шуда буданд, мудом чашм ба роҳ мунтазир буданд, ки пайдо шуда аз дари хона медарояд. Паи хабарҳо буданд, ки дар куҷо дар кадом кунҷи дунё фарзандашон қарор дошта бошад. Онҳо умед намекарданд, ҳатто то он ҳолате буд, ки модар то рӯзи вафоташ бо умеди баргаштани писараш буд ва бо ин чашминтизори дунёро падруд гуфт. Магар ин дардҳои сиҳатшавандаанд? Магар мешад ин ормонҳоро арзиш монду шумора кард?

         Муаллим ба хонандагон дар арафаи ҷашми Иди Ғалаба супориш медиҳад, ки аз бобо ва дигар наздиконашон, ки иштирокии ин ҷанг буданд нақлеро мисли иншо рӯи варақ оваранд. Хонандагон ба назди бобояшон, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватани буданд рафта бесаброна савол карда мунтазири ҷавоби зуд мегарданд. Лекин бо баробари шунидани саволи наберагонаш вуҷуди бобои пирро сукут фаро гирифта ашк дар чашмонаш ҳалқа зада буд. Чун кӯдак буданд ба ҳадди кофи қобилияти дарк кардани ин ҳолати боборо надоштанд. Баракс талаб мекарданд, ки бобо сукут накарда зуд ҷавоб диҳанд, чунки саҳар муаллим аз онҳо ҷавоб мепурсад. Аммо пас аз он, ки он наберагон бузург шуданд он ҳолати бобояшонро баъд фаҳмиданд, ки ин мавзӯ чи қадр барои пирамард дардовару пуралам буд. Акнун дарк карданд, ки барои рӯи варақ овардани он ҳиссиётҳо тамоми қоғазҳои рӯи дунё ками мекунанд. Зеро бо сухан гуфтан ба охир намерасаду бо дармон кардан дардаш кам намешавад.

          Ё писарбачаи ҳамсоя бо писарбачаи ҳамсояи дигар ҳамроҳ ба фронт рафтанд. Ҳар ду баробар ба зидди душман ҷангиданд, аммо бачаи ҳамсоя баргашту бачаи ҳамсояи дигар қурбони тири душман дар ин ҷанг гашт. Писарбачаи ҳамсоя, ки аз ҷанг бо ғалаба зиндаву саломат баргашта буд, аз давидан зери борони тири душман, дар сари мӯй ҷонбозиҳо дида, чизи сахтарро аз сар гирифт. Ин ҳам бошад вақти рӯ ба рӯ шудан бо модари писарбачаи ҳамсоя, ки ҳамроҳаш ба ҷанг рафта ҳамроҳаш барнагашта буд. Он модари пурармон бо чашмони пур аз дард ба сӯяш нигоҳ мекард, ки дар ҳар наззорааш сад савол буд. Хомӯшона нигоҳ мекард, аммо доду фардёди дилаш гӯши дунёро кар мекард, ки аз садои ҳар тиру туфанг даҳшаттар буд. Дандон рӯи дандон бо чашмони ашколуда ба сӯи писарбачаи ҳамсоя нигоҳ мекард, дар қошу чашмони ӯ қошу чашмони писари ҷавонашро медид. Дар худ ҳазор савол дар фикраш мегузаронид, ки фарзандаш дар куҷо захми шуд? Чандто тири душман ба танаш расид? Вақти ҷон доданаш дар охирин насафҳояш ки наздаш буд? Оё пеш аз маргаш сухане гуфта буд? Барои модараш ягон чиз гуфта буд? Оё ба хок супориданду ҷанозаш хонданд, ки ҳадди ақал зери хок ором гирад? Магар намешуд коре кард, ки зинда монад буд? Ҳамаи ин саволҳо то охир дили модарро реш-реш карда буд. Аммо мегӯянда, ки: “Бар сари фарзанди одам ҳар чи ояд бигзарад” ин ҳам гузашт. Аммо хотири озурдаи дӯст, ки натавонист дӯсташро пеши модараш баргардонад, ҳеҷ гоҳ ором нагирифт. Ҳар боре, ки бо модари писарбачаи ҳамсоя рӯбарӯ мешуд, худро чунин ҳис мекард, ки гӯё амонаташро нигоҳ дошта натавониста бошад. Модари писаргумкарда то рӯзаш буд дар рӯи писарбачаи ҳамсоя писари худашро медид. Шаби тӯйи арӯсии писари ҳамсоя дар дил ормони шаби арӯсбиёрони писари аз даст додаашро мекард, писари ҳамсоя фарзандор шуда дасти писараш гирифта аз кӯча гузарад, писари худашро ёд меовард, ки агар зинда мемонд дар қатори дӯсташ мешуд. Барои ин ҳама шикастагиҳо ба зоти душман лаънат мехонд, ки ин дардҳоро ба дилҳо андохт. Зери ин гуна модарон бешумор буданд. Магар ин гаронии ормонҳо нест?

          То имрӯз ин ормонҳо зиндаанд ва то ҳастии башарият боқист зинда хоҳанд монд. Ин ормонҳое ҳастанд, ки ормонкардагон бо худ ба хок бурда аз зери хок ҳасрат мекунанд. Барои ҳамин зиндагон, ки ворисони онҳоянд қарздоранд, ин ормонҳоро пос доранд. Зеро зиндагонии тинҷу ором, пурнеъмату пуршодии мо ба нархи ана ҳамин ормонҳо харидори карда шудааст.

         Дар ҳар шодии мо ҳаққи он нафароне ҳаст, ки тамоми умедҳояшонро ба бод додаанд, ҳаққи онҳое ҳаст, ки аз дидори гарми падару модар, рӯи ширини фарзандонашон даст кашида дар сари мӯй ҷонбози кардаанду барои халқу Ватан аз ҳар чи хубие, ки дар зиндагониашон доштанд даст кашидаанд. Дар ҳар шодии мо ҳаққи онҳое ҳаст, ки дар набарди душман бо тани худ пеши роҳи тир гирифтаанд. Ҳаққи онҳое ҳаст, ки ҷавонмарг шуданду аз хушиҳои рӯзгор чизе насиб набурданд.

         Пирон мудом дуояшонро бо ибораи “Тани сиҳат, хотири ҷамъ, тинҷию амонӣ” оғоз мекунанд. Пирон рӯзгор дидаву ҳаёт санҷидаанд ва ҳар пандеро дар сари рӯзгори худ санҷидаанд. Аз нобарориҳои зиндагони ранҷидаанд, аммо боз сар боло гирифта бар муқобилаш ҷангидаанд. Ба ҷавонон пос доштани қадри бузургон ва тинҷиву осудагиро панд додаанд.

          Дар рӯзҳои наздики таҷлили ҷашни Иди Ғалаба ҳаво дуранг аст. Офтоб мерахшад аз ғалабаи бузург, абрҳо бошанд парешонанд, мисли оне, ки борон меборад, гӯё ашки чашмони дар хокхуфтагони пурармон то ба фалак баромада ба осмон гарони карда рӯи замин сари зиндагони меборад.

         Ин Ғалаба ғалабаи мост, бобоёни мост, ин ифтихори мост. Бигзор руҳи саҳмдорони рафтаи ин музаффарият шод бод. Онҳое, ки бо ифтихор айни замон зиндагони мекунанд умрашон дароз бод.

         Иди Ғалаба муборак! 

 

         Котиби маҷлиси судии

        суди шаҳри Исфара:                                Сатторова Нигора.