Эмомалӣ Раҳмон — эъморгари Истиқлоли давлатӣ

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар мамлакат ҳамасола 16 — уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Тибқи моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз 20-уми июли соли 1994, таҳти № 974 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда буд. Моҳҳои апрел ва июни соли 1994 баррасии умумихалқӣ оид ба лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол гузаронда шуда, дар рафти он лоиҳаи Конститутсия мавриди дастгирии васеи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт, ки ин зарурати ҳар чи зудтар амалӣ сохтани ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат ба вуҷуд овард ва дар кӯтоҳтарин вақт бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо намуд.

Шакли идораи президентӣ ва таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида буд, аз тарафи аксарияти иштирокчиёни баррасии он маъқул дониста шуд ва ин имкон дод, ки барои тайёрӣ ва гузарондани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ҷоннок карда шавад. Аз ин рӯ, 21-уми июли соли 1994, таҳти № 1042 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он принсипҳои гузарондани интихобот, таъйин, ташкил ва ҷамъбасти интихобот, инчунин, дигар масъалаҳои вобаста ба онро танзим намуд.

Санаи 6-уми ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ бо тарафдории аксарияти интихобкунандагони ширкатварзида интихоб гардид ва 16 — уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, ба иҷрои вазифа шурӯъ кард. Маҳз аз ҳамон рӯз, Президенти аз ҷониби халқ интихобгардида ба иҷрои фаъолияти президентӣ, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муқаррар намудааст, оғоз намуд. Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи Шӯрои Олӣ пас аз маросими савгандёдкунӣ тазаккур доданд: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амалӣ гардидани Конститутсия мебошад. Ман ба ҳайси Президент шуморо бовар мекунонам, ки ҳифзи ҳуқуқҳо, озодиҳои шаҳрвандон, тамомияти арзии ҷумҳурӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳро дар ҷумҳурӣ таъмин хоҳам кард».

Дастоварду комёбиҳои беназиру бебаҳои даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сарвари давлат Тоҷикистони нав соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардидаро дар як муддати кӯтоҳ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, ба мардуми тоҷик шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё сохтанд.
Дар оғози соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистони азизамон ҳодисаи мудҳишу даҳшатовар — ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ  сар зад. Бо дасисабозии баъзе аз қудратҳову гурӯҳҳо ва душманону бадхоҳону ҳасудони миллати тоҷик Тоҷикистон ба коми оташи ҷанг кашида шуд. Хатари аз байн рафтани давлату миллат ба миён омад. Вале, хушбахтона, бо кӯшишу талошҳои пайгирона ва заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириву пуштибонии мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯйи кишвар дар як муддати кӯтоҳ оташи ҷанг хомӯш, хавфу хатари парокандашавии миллат ва давлат рафъ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкиму мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ машаққатҳои зиёд кашида, борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳо ёфта, сулҳ дар кишвар поянда бошад. Дар натиҷа, мардуми баору номуси тоҷдор ба дурандешиву олиҳимматӣ, қаҳрамонию шуҷоатмандӣ ва хирадмандиву суботкории Пешвои муаззами миллат эътимоду бовар намуданд ва аз ин шахсияти барҷастаи таърихӣ пуштибонӣ карданд. Имрӯзҳо кулли сокинони мамлакат зери парчами Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи комил дар фазои орому осудаи кишвари биҳиштосоямон фаъолият мекунанд ва сарбаландона ба сар мебаранд.

Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистон, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бахшиданд, инчунин, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.

Хизматҳои бузургу пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадр шуда, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул гардид. Метавон гуфт, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.

Бинобар ин, мо — халқи шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба қадри сулҳу ваҳдат, оромию субот дар кишварамон, ки ба шарофати заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии тамоми мардуми худогоҳу худшиноси Тоҷикистон ба даст омадаанд, бирасем ва дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошему ба халқу Ватан содиқона хизмат намоем.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Судяи суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд