Боздиди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои суди шаҳри Исфара
Санаи 27-уми январи соли 2020 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён аз рафти корҳои ба анҷомрасида ва рафти иҷрои корҳо ҷиҳати сохтмони ошёнаи сеюми бинои суди шаҳри Исфара боздид ба амал оварданд.
Дар рафти боздид Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ш.Шоҳиён супориш доданд, ки корҳои боқимондаи сохтмони ошёнаи сеюми бинои суди шаҳри Исфара босифат ва бо санъати баланди меъмории миллӣ ба анҷом расонида шавад.
Ҳамчунин, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ш.Шоҳиён ҷиҳати намуди зоҳирии дохили ошёнаи сеюми бинои суд ва ташкил намудани утоқҳои алоҳидаи корӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Роҳбарияти суди шаҳри Исфара ба худ тасмим гирифтааст, ки супоришҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт пурра иҷро намуда, рафти бемайлони то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани ошёнаи сеюми бинои суди шаҳри Исфараро таъмин намояд.