Ҷавонону наврасон ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назананд. Зеро…
Давраи наврасию ҷавонӣ беҳтарин замони бозсозии инсон ба ҳисоб рафта, танҳо ҳамин айём метавонад, ба ҳаёти минбаъдаи шахс заминаи мустаҳкам гузораду роҳи муҳайё намудани шароити хубу созгор барои худу атрофиёнро фароҳам оварад. Аммо хеле нигаронкунанда аст, ки имрӯзҳо баъзе наврасону ҷавонон ҷойи хубу самаровар истифода кардани замони худсозии хеш, баръакс ба роҳи нодуруст мераванду даст ба амалу рафтори ғайриқонунӣ мезананд, ки он оқибатҳои нохуб дошта, ояндаи зиндагии шахсро тира месозад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 дар кишвар аз тарафи ноболиғон 737 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2021-ум 26 ҳолат камтар мебошад (2021 — 763). Соли 2022 аз тарафи ҷавонон бошад, 3572 ҷиноят сабт гардидааст, ки нисбати як соли қабл 1187 ҳолат кам аст (2021 — 4759). Гарчанде ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон соли гузашта коҳиш ёфта бошад ҳам, вале он ҳоло ҳам нигаронкунанда дониста мешавад. Зеро шумораи дар боло овардашуда, худ моро ба тафаккур кардан, дар мавриди проблемаи мазкур водор месозад. Ҷомеашиносону равоншиносон омилҳои даст ба ҷиноят задани ноболиғону ҷавононро гуногун арзёбӣ карда, бо вуҷуди ҳама ба ин таъкиданд, ки бояд барои пешгирӣ кардани мушкилии мазкур тамоми қишрҳои ҷомеа саҳми муносиби худро гузоранд ва дар ин росто тадбирҳои муҳим андешида шаванд. Агар ба умқи масъала назар намоем, аёнамон мегардад, ки дар тарбияи наврасону ҷавонон пеш аз ҳама волидон нақши муассиру мондагор доранд. Зеро тарбия маҳз аз оила сарчашма мегираду минбаъд он дар мактаб, муассисаҳои олӣ ва ҷомеа ташаккул меёбад. Падару модарон бояд дар таълиму тарбияи фарзандони худ пурмасъул бошанду баҳри соҳиби хату савод шудан, шароитҳои сазоворро муҳайё созанду ба роҳи рости зиндагӣ раҳнамоӣ кунанд. Зеро маҳз тарбияи дурусти онҳо метавонад, фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят намояду аз амалу рафторҳои ношоям пешгирӣ намояд. Баробари ин, вақте шахс ба ҷомеа ворид мегардад, ҳатман муҳити атроф ба ӯ таъсири ҳам мусбат ва ҳам манфии худро мерасонад. Бинобар ин, ҳар як наврасу ҷавонро лозим аст, ки дар ҷамъият амалу рафтори накӯ дошта бошаду роҳи дурусту нодурустро аз ҳамдигар фарқ карда тавонад. Танҳо дар ҳамин ҳолат онҳо метавонанд, ки ба роҳи рост раҳсипор гарданду ояндаи худро созанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқотҳояшон бо ҷавонон таъкид мекунанд, ки ҷавонону наврасон ояндаи миллату давлатанд. Ҷойе Пешвои миллат иброз доштаанд: “Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем”. Модоме, ки ҷавонону наврасон ояндаи давлату миллат мебошанд, бояд онҳо ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назананду ояндаи худро ба боди фано надиҳанд, баръакс роҳи дурустро интихоб намоянд, бо истифода аз имкониятҳои муҳайё намудаи роҳбарияти олии мамлакат касбу ҳунар омӯзанд ва саҳми худро дар рушди меҳан гузоранду номбардори волидони хеш бошанд.
Судяи суди шаҳри Исфара: Фарҳодзода Н.