Авбош аз хатои қаблӣ хулоса набаровард
Суди шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванди 25 сола Ҳ.Д.Р. (миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муҷаррад, қаблан ду маротиба суд шудааст, ҷойи истиқоматаш Ҷамоати шаҳраки Шӯроб)-ро бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд. Номбурда, ки қаблан санаи 4 октябри соли 2023 бо ҳукми суди шаҳри Исфара барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «в», «г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди як (1) сол муҳлати санҷишӣ таъин гашта буд, дар вақти адои ҷазо ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, муҳлати санҷиширо вайрон намуда, дар ҳолати ретсидив, такроран даст ба содир намудани ҷинояти авбошӣ задааст.
Ӯ санаи 13 январи соли 2024 тахминан соатҳои 19:00 дар назди мағозаи “Ширин”, ки дар Ҷамоати шаҳраки Шӯроб воқеъ аст ва бевосита ҷойи ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад, қарор дошта, аз рӯйи ҳиссиёти авбошӣ, бе ягон сабаб ва асосҳои кофӣ зани 46 сола З.Н.И.-ро дашномҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи охиронро паста зада, нисбаташ зӯроварӣ ва таҳдиди истифодаи онро раво дида, бо зан часпу талош ва ҷанҷол кардааст.
Дар натиҷа тартиботи ҷамъиятӣ, оромӣ ва истироҳати бошандагони ин маҳал вайрон гардида, нисбат ба ҷамъият ва одамони дар гирду атроф ҷамъшуда беэҳтиромӣ зоҳир гардидааст.
Дар рафти мурофиаи судӣ шаҳрванд Ҳ.Д.Р. бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати ду (2) солу шаш (6) моҳ, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ, таъин карда шуд.
Н. Ғ. Маликзода,
судяи суди шаҳри Исфара.
С. Ш. Давронӣ,
пристави судии суди
шаҳри Исфара.