Ҷарима барои беназорат гузоштани фарзанд
Суди шаҳри Исфара парвандаи ҳуқуқвайрокунии маъмуриро нисбат ба марди 51-сола А.С.Ҷ. (миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, оиладор, соҳиби се фарзанд, расман кор намекунад, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ)-ро бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан дар мурофиаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода, муайян кард, ки номбурда уҳдадории худро оид ба таълиму тарбияи фарзанди ноболиғи 14-солааш А.А.С. иҷро накардааст, ки дар натиҷа ноболиғ санаи 13-уми марти соли 2024, ба масҷиди Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба номи “Мавлоно Ҷомӣ” барои хондани намози хуфтан рафтааст.
А.С.Ҷ. бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ў ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба маблағи 216 (дусаду шонздаҳ) сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин гардид.
М. С. Раҳмонзода,
судяи суди шаҳри Исфара.
С. Ш. Давронӣ,
пристави судии суди
шаҳри Исфара.