Вохӯрӣ бо донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара”

Санаи 16-уми майи соли 2025 Раиси суди шаҳри Исфара муҳтарам Мирзозода М. бо ҳамроҳии судяҳои суди шаҳри Исфара Фарҳодзода Н. Маликзода Н.Ғ. ва котибони маҷлиси судӣ Исмоилзода Ш. Раҳимзода Р.С. Фахридинзода С. ва Эраҷзода Д. дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара” бо донишҷӯён ва устодони муассисаи мазкур вохӯрӣ гузарониданд.
Роҳбарияти суд маҷлисро ифтитоҳ намуда оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, таъмини субот ва оромӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, содир накардани ҷиноятҳои коррупсионӣ, терроризм ва экстремизм, оид ба пойдорию устувории оилаҳо баромад намуданд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ судяи суди шаҳри Исфара Фарҳодзода Н. дар мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва судяи суди шаҳри Исфара Маликзода Н.Ғ. оид ба тағиротҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи дурусту самараноки неруи барқ баромад намуданд.
Дар фарҷоми маҷлис роҳбарияти суд иштирокдоронро ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнати софдилонаю поквиҷдонона, хизмати шоиста ба халқ — Ватан ва ободонии ҳар гӯшаи он даъват намуданд.
Масъули сомона: Давронӣ С.Ш.