Ҷаласаи корӣ

Имрӯз, 28 апрели соли 2025 дар толори Суди шаҳри Исфара маҷлиси ҳарҳафтаинаи назди роҳбарияти суд баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Суд муҳтарам Мирзозода М., муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуданд.

Дар ҷаласа Раиси Суд ҳолатҳои кориро қайд намуда, ба зарурати татбиқи дуруст ва саривақтии талаботи қонунгузорӣ, тақвияти интизоми корӣ ва назорати қатъии иҷрои санадҳои судиро таъкид карданд.

Ҳамчунин, масъалаи саривақт баррасии парвандаҳо, ба тарафҳо супоридани санадҳои судӣ, инчунин, риояи муҳлатҳои мурофиавӣ ва назорати қатъии рӯёниши ҷаримаҳо ба манфиати давлат мавриди муҳокима ва таҳлил қарор гирифт. Ба судяҳо дастур дода шуд, ки ҳама санадҳои марбутро бо риояи дақиқи қонунгузорӣ ва масъулияти баланд таҳия намоянд.

Дар фарҷоми маҷлис, Раиси Суд ҳамаи кормандонро ба иҷрои бомасъулият ва шаффофи вазифаҳои худ даъват намуда, зарурати тақвияти назорат ва риояи интизоми кориро таъкид карданд.

Масъули сомона:                    Давронӣ С.Ш.