Фолбин ҷарима супорид…
Шаҳрванд М.З.Ҳ. 11.05.1958 санаи таваллудаш,таҳсилоташ миёна, нафақахӯр, оиладор, соҳиби панҷ нафар фарзанд, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ва меҳнати ҳалол машғул нагардида, санаи 11 ноябри соли 2024, тахминан соати 10:00 дақиқа, дар манзили истиқоматиаш аз ҳазориспанд, чойи хушк, намак, қалам, қайчӣ, тасбеҳ ва ду намуд риштаҳои сафеду сурх ба сеҳру ҷоду ва фолбонӣ машғул шудааст.
Ҳуқуқвайронкунанда М.З.Ҳ. рафти мурофиаи судӣ худро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ гунаҳгор эътироф карда, баёнот дод, ки чанд соле қабл ӯ ба беморӣ гирифтор шуда, касби фолбиниро гирифтааст. Дар ҳақиқат санаи 11 ноябри соли 2024, тахминан соати 10:00 дақиқа, як зан ба манзили истиқоматиаш омада хоҳиш намудааст, ки ӯро фол бинад. Ӯ бошад бо ин пешниҳод розӣ шуда, аз ӯ маблағи пулӣ гирифта, ӯро бо истифода аз ҳазориспанд, чойи хушк, намак, қалам, қайчӣ, тасбеҳ ва ду намуд риштаҳои сафеду сурх сеҳру ҷоду ва фолбонӣ кардааст, ки аз ҷониби кормандони мақомоти ваколатдор кирдораш ошкор ва нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Афзуд, ки ба кирдор иқрору сидқан пушаймон мебошад.
Бо Қарори судяи шаҳри Исфара Маликзода Н.Ғ. аз санаи 20-уми январи соли 2025 шаҳрванд М.З.Ҳ. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ бо моддаи 482 Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии маъмуриро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ муқаррар менамояд, гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ дар асоси ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи ҳафт ҳазору ду сад (7200) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Қарори мазкур эътибори қонунӣ пайдо намуда, ба иҷро расонида шудааст.
Масъули сомона: Давронӣ С.Ш.