Ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба рӯёнидани алимент барои таъминоти фарзандони ноболиғ

Бо мақсади иҷро намудани банди 27.2 (60-61)-и Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2025 (ҳамзамон, Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии суди шаҳри Исфара банди 21) вобаста ба амалисозии Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2025-2032 дар суди шаҳри Исфара ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба рӯёнидани алимент барои таъминоти фарзандони ноболиг, ки давоми соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд гузаронида шуд.

Зимни гузаронидани ҷамъбастии амалияи судӣ шахси масъул таҳлили воқеии парвандаҳоро анҷом дода, бо мақсади пешгирии пошхурии оилаҳо, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо дастрасии моддаи 83 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Раисони Ҷамоати деҳоти Навгилем ва Ҷамоати деҳоти Зумради шаҳри Исфара пешниҳод ирсол намудааст.

Масъули сомона:​​​​​                   Давронӣ С.Ш.