Тамоку…

Қ.С.Ғ. ўҳдадории худро оид ба таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш хонандаи синфи 11-и МТМУ №23-и шаҳри Исфара ичро накардааст, ки дар натиҷа фарзанди ноболиғаш, ба муассисаи мазкур бо худаш маҳсулоти тамоку оварда, дар дохили муассиса истифода намудааст.

Қ.С.Ғ.талаботи сархати 17 моддаи 16-и Қонуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» таҳти №2049 аз 20-уми июни соли 2024-ро вайрон намуда, бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 90 қисми 2 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Бо Қарори судяи Суди шаҳри Исфара Раҳмонзода М. С. дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ Қ.С.Ғ.дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон гунахгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи понздаҳ (15) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1125 (як ҳазору як саду бисту панч) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намуда ба иҷро расонида шудааст.

Масъули сомона:        Давронӣ С. Ш.