Оқибати аз таҳсил дур мондан

С. Р. ӯҳдадорҳои худро оид ба таълиму тарбияи набераи ноболиғаш хонандаи синфи 11 иҷро накардааст, ки дар натиҷа набераи ноболиғаш бе ягон асос дар чоряки 1-уми соли хониши 2024-2025 дар дарсҳои таълимӣ 55 соат иштирок накарда, аз таҳсил дур мондааст.

С. Р. талаботи сархати 7 моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро вайрон намуда, бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 90 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Бо қарори судяи суди шаҳри Исфара Раҳмонзода М. С. дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ аз санаи 17 феврали соли 2025 С. Р. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 720 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд. Қарори мазкур эътибори қонунӣ пайдо намуда ба иҷро расонида шудааст.

Масъули сомона: Давронӣ С. Ш.