Шарофати Истиқлолияти давлатӣ
Тоҷикистони азизи мо тавассути сиёсати хирадмандона, оқилона, сулҳҷуёна ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар солҳои истиқлолият дар тамоми соҳахо, аз ҷумла дар арсаи байналмиллалӣ обру ва эътибори баландро соҳиб шуда, машҳур гардид.
Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатии миллати куҳанбунёд ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки ба шарофати он мо имрузҳо ба бузургдошти таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти фароҳам пайдо намуда, дар остонаи таҷлили санаи бузург- сиву сеюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дастоварди муқаддастарин ва муқаддамтарини таърихи навини халки тоҷик мебошад, қарор дорем.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки истиқлолияти давлатӣ, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳматҳои басо сангину азму талошҳои мардуми озодихои мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаҳои бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгу ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт.
Ҷолиби зикр аст, ки дар давоми бисту нуҳ соли Истиқлолият бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандаги шуруъ намудем, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсиони раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Таъмин намудани рушди босуботи иқтисоди ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имруз ҳадафи асосии Сардори давлат ва Ҳукумати ҷумҳури мебошад.
Дар ин радиф бояд ёдовар шуд, ки солҳои аввали истиқлолият барои давлати ҷавони мо солҳои ниҳоят вазнин, вале сарнавиштсоз буданд ва аз ҳар кадоми мо ба хотири таъмини сулҳу субот, барқарор кардани низоми конститутсиони, ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдори ва ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, ба ватан баргардонидани қариб як миллион нафар фирориён ва ташкилу амали намудани низоми идоракунии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар кушишу заҳмати азими шабонарӯзиро тақозо доштанд.
Кушишу талошҳои роҳбари кишвар дар ин солҳо бори дигар аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Президенти мамлакат шаҳодат дода, ҳамаи моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида боз ҳам хубтару беҳтар кору фаъолият намуда, ҷашни дар пешистодаи ватани азизамонро бо дастовардҳои намоён истиқбол гирем.
Дар хақиқат сиву се соли Истиклолият барои Тоҷикистон воқеан ҳам давраи дигаргуниҳои бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба шумор рафта, маҳз ин дигаргуниҳо барои ташаккули эҳсоси милли, ватандусти ва масъулияти шахрванди, шинохти тамаддун ва таърихи гузашта, инчунин таквияти макому манзалати инсон дар чомеа заминаи мусоид ва устувор ба вучуд овардааст.
Дар радифи ин ҳама дигаргуниҳою дастовардҳо вусъат бахшидан ба инкишофу тахкими ниҳодҳои демократӣ, мустаҳкам кардани рукнҳои давлатдори ва ба ин васила ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати иҷтимоӣ аз вазифаҳои асосии ҳар як фарди ҷомеа ва мақомоти дахлдори давлатӣ мебошад.
Дар ҳақиқат бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки баъди ҳазор сол асолату ҳувияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои неки миллӣ, хулоса ҳастии миллии худро ба хотири иҷрои рисолати бисёр пурмасъулият, вале пурифтихори миллӣ – эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне ҷомеаи навини давлати соҳибихтиёру озодамон ва зиндагии босаодати наслҳои имрузу фардо эҳё намоем.
Дар ин фосилаи кутоҳи таърихи халки тоҷик тавонист, ки пояҳои давлати навбунёду тозаистиқлоли худро мустаҳкам намуда, дар остонаи омодаги ба ин ҷашни бузург боифтихор гуфта метавонем, ки мушкилоту камбудиҳои мавҷударо бо меҳнати созанда ислоҳ карда, дар ин роҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Бо чунин нияту орзуҳои нек ҳамаи ҳамватанони азизро ба ифтихори 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба ҳар фарди Тоҷикистони азиз тандурустӣ, ободии хонадон ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям.
Сардори шӯъбаи коргузории
суди шаҳри Исфара Исозода П.А.