Қудоталбон манъ аст!
Суди шаҳри Исфара парвандаи ҳуқуқвайрокунии маъмуриро нисбат ба зани 44-сола И.Р.Ҳ. (миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, расман кор намекунад, оиладор соҳиби панҷ фарзанд, сокини кӯчаи Марказӣ) бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳиятан дар мурофиаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода, муайян кард, ки номбурда санаи 25 феврали соли 2024, дар фарогирии соати 11:00 дақиқа дар ошхонаи “Зам-Зам”, воқеъ дар суроғаи шаҳри Исфара, маҳаллаи Баҳор маъракаи қудоталбон ва муборакбодиро бо даъвати наздик ба 25 (бисту панҷ) нафар меҳмонон, бо оростани дастархон ва додани таом ташкил намудааст. Бо ин кирдори худ, И.Р.Ҳ. талаботи қисми 2-и моддаи 10 ва қисми 2-и моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро вайрон кардааст.
Шаҳрванд И.Р.Ҳ. бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ дар асоси ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи яксадудаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба маблағи 7920 (ҳафт ҳазору нуҳсаду бист) сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин карда шуд.
Н. Ғ. Маликзода,
судяи суди шаҳри Исфара.
С. Ш. Давронӣ,
пристави судии суди
шаҳри Исфара.