Ваҳдати миллӣ ва рушди кишвар

Дар таърихи муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 27 июни соли 1997 бо хатти заррин навишта шуда, бо унвони рӯзи баҳамоиву оштӣ ва сароғози иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик дониста мешавад ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомат бо унвони Рӯзи Ваҳдат ҷашн гирифта мешавад.
Ин вожаи муқаддас миёни мафҳумҳои ба ҳар яки мо пурарзиш чун сулҳ, истиқлолият, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ дорои мақоми махсус буда, барои ҳар сокини Тоҷикистон азизу гиромист.
Ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”.
Чун ба таърихи дуру наздик менигарем борҳо ба миллати тоҷик парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлати бунёдкардааш рӯ ба завол шуда, дар оташи сӯзони фалокатбори гиру дори таърих сӯхта, вале хиради азаливу фитрати баланд, номусу нанг ва сахтҷонӣ боис гардида, ки ҳар бор чун мурғи самандар аз тӯдаи хокистараш боз эҳё гардад.

Ва ин миллати ба гуфтаи мардум “сердиданӣ”-ро дар солҳои 90-уми асри гузашта боз як имтиҳони таърих дар пеш буд. Дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум таҳти таъсири қувваҳои беруна омилҳои дохилие ба вуҷуд омада буданд, ки барои ташаккули андешаҳои муғризона мусоидат мекарданд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳо ба муноқишаҳо табдил ёфтанд. Гурӯҳҳои алоҳида таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, кишварамонро ба гирдоби низоъ ва кашмакашиҳои мусаллаҳона кашида, миллатро ба вартаи парокандагӣ ва Тоҷикистони азизро дар коми оташ ва нестӣ фиканданд.
Бо ташаббус ва кӯшишҳои пайгиронаи неруҳои солимфикр 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ва иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъмин намуд. Сарвари тозаинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии фарзандони фарзонаю хирадманд ва ҳамдастии миллат бо кӯшишу талошҳои зиёд, ранҷу заҳматҳои беандоза, ақлу хирад ва орзую ниятҳои нек ба низою нифоқ зафар ёфт.
То имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва саъю кӯшишҳои беандоза ба харҷ дода шуд.
Даври аввали гуфтушуниди тоҷикон аз 5.04.1994 то 19.04.1994 дар пойтахти Россия шаҳри Маскав баргузор гардид, ки асосан се масъала: оташбас, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва муҳоҷиронро мавриди баррасӣ қарор дод. Ва ин гуфтушунид ба музокироти ояндаи тоҷикон сари як миз асос гузошт.

Даври дуюми музокирот аз 18.06.1994 то 28.06.1994 дар шаҳри Теҳрон ва даври сеюм аз 20.10.1994 то 01.12.1994 дар Исломобод, даври чорум аз 22.05.1995 то 02.06.1995 дар Алмаато, даври панҷум аз 30.11.1995 то 23.12.1995 дар Ашқобод, даври шашум аз 04.01.1997 то 19.01.1997 дар Теҳрон, даври ҳафтум аз 26.02.1997 то 8.03.1997 дар шаҳри Маскав идома ёфт.
Ниҳоят давраи хотимавии гуфтушунид аз 08.04. 1997 то 18.04.1997 ва аз 21.05. 1997 то 29.05.1997 идома ёфта, рӯзҳои 24.06.1997 – 27.06.1997 давраи ҳаштуми хотирмону таърихӣ қаламдод мешавад, зеро тоҷикон даст ба дасти якдигар дода, ба оштии миллӣ расиданд, ки он пояи Ваҳдатро дар Тоҷикистон гузошт.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.
Дар дар боби манзалати ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқуллодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт”.
Маҳз, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ваҳдати миллии моро таъмин намуда, ба созандагиву бунёдкорӣ таҳкими иқтисодиёту рушди фарҳанги миллӣ роҳ кушод. Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки тӯли ду даҳсола барномаи рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои мамлакат тарҳрезӣ гардад. Дар 25 соли сипаригардида дар иҷрои чаҳор ҳадафи стратегии муайянкардаи ҳукумати Тоҷикистон: раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлоли энергетикӣ ва саноатикунонии кишвар корҳои бузурге ба анҷом расонида шудаанд, ки мардум аз он огоҳанд ва маврид ба такрору зикр нест.
Муҳимтар аз ҳама сатҳи зиндагии мардум хеле боло рафта, умеди тоҷикистониён ба ояндаи нек устувор гардид.

Нигина ФАРҲОДЗОДА,

судяи суди шаҳри Исфара.