Риоя накардани либоси ягонаи мактабӣ…

Шаҳрванд Ахмедов И.Р. талаботи сархати 4 моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҳти №762 аз 02.08.2011-ро вайрон намуда бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шударо содир намудааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Ахмедов И.Р. худашро гунаҳгор ҳисобида ба суд баён кард, ки ин ҳолат аз сабаби беаҳмиятии ӯ ба миён омадааст, ки дар ҳақиқат ӯ ӯҳдадориҳояшро дар тарбияи фарзанди ноболиғаш иҷро накардаааст, ки дар натиҷа фарзандаш ба муассисаи таълимӣ бе риояи пӯшидани либоси ягонаи макабӣ рафтааст. Аз ин кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон мебошад.
Бо қарори судяи суди шаҳри Исфара Муродзода Ҷ.З. аз санаи 12-уми январи соли 2023 ҳуқуқвайронкунанда Ахмедов И.Р. бо моддаи 90 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ дар асоси ин модда ҷазои ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 204 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намуда ба иҷро расонида шудааст.

Масъули сомонаи суд: Давронӣ С.Ш.