Шукри обат шукри хокат
Шукри обат шукри хокат
Шукри ному шукри субҳи атрнокат
Тоҷикистони азизам модари ҷони азизам.
Бо шукургузори аз ватани обод ва сарзамини орому осоишта фарорасии ҷашни фархундаи миллат рӯзи истиқлолияти миллиро ба ҳамагон самимона таҳнияи гуфта саодати рӯзгор ва сарбаландию хонаободиро ба ҳамагон таманно мекунам.
Муборак ҷашни истиқлоли тоҷик
Шукуҳу шаҳмати иқболи тоҷик.
Истиқлолият неъмати бузургест ва он пеш аз ҳама соҳиби мақому манзилат ва дар радифи халқҳои дигари ҷаҳон ҳаққи баробарӣ доштани миллатро дар кишвари обод ва озод нишон медиҳад.
Дар кишваре, ки фазояш ғуборолуд аст ифроту тафрид адовату бадбини ҳукмрон гашта деҳаҳо харобу шаҳрҳо вайрон ҳазорҳо мардуми бегуноҳ кушта шуда ашки ятимону гиряи модарон ба фалак печида садҳо ҳазор мардуми азияткашида роҳи гурезро пеша мекунанд.
Шукургузори ватану миллат бошем чунки ободии ватан ин ободиву осудагии ҳар оила аст покизаги ва ободкори нишонаи имондорист мусулмонӣ ва шиками серист. Баракоти ризқу рӯзӣ аз тинҷиву оромӣ маншаъ мегирад. Дар ҳар диёре, ки сулҳу салоҳ ҳукумрон бошад файзу футӯҳ арзонӣ аст ва мардумонаш аз зиндагии худ розӣ ҳастанд.
Дар дили мо сулҳу истиқлол ёрон ҷо бувад
Ваҳдати мо шоҳроҳи зиндагии мо бувад.
Таърихи халқи тоҷик ва тамоми Тоҷикистон танҳо бо шарофати истиқлолияти миллиии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар мамалакатҳои демократи ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардида истодааст. Аз ин лиҳоз то ки мо ба қадри худу дигарон расем бояд мазмун ва моҳияти ватан, рамзҳои давлатӣ парчам нишон ва суруди миллӣ муқаддасоти Тоҷикистон, истиқлолияти миллат, сарқонун, пойтахти азизамон шаҳри Душанберо ва инчунин забони модариро эҳтиром намоем.
Инсоният дар ҳама давру замон дар орзуи сулҳ аст то мақсадҳои наҷибаш шарафёб гардад. Албатта халқи тоҷик бо орзуи неки худ санаи 9-уми сентябри соли 1991 расида, худро дар тамоми дунё соҳибистиқлол эълон намуд ва тамоми дунё соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд. Албатта ба истиқлолият расидан кори оссон набуд, чунки гурӯҳҳое буданд, ки соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро намехостанд. Ин аст, ки соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, мӯҳтарам Ҷаноби Оли Эмомали Раҳмон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва бо қадамҳои неки ӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳтарин ба ҳадафҳои неки худ расида, Ҷумҳурии Тоҷикстон ба яке аз кишварҳои пешрафта ва дар фазои ӯ сулҳу субот фарогир шудааст. Аз рӯзи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори судҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, мӯҳтарам Ҷаноби Оли Эмомали Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият, асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ривоҷ гирифта, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳони эътироф гардид. Самараи неки истиқлолият аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо баяд аз ин миллати барӯманд биболему боз ҳам барои машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям бигзор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳо оварад. Поянда бод ваҳдати милли ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон.
Котиби маҷлиси судии
суди шаҳри Исфара: Шаҳобзода С.Ғ.