Истиқлолияти давлатӣ шарафи мардуми тоҷдор аст!
Бо шарофати истиқлол ҳамчун неъмати бебаҳо ва арзишманди миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. ки дар асри 20-ум ба даст омадааст.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию хамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хоричӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷахонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.
Истиқлол чун олитарин меҳмони пурфайзу пурсаховат бар хони кишвари тоҷикон соли 1991 қадам ранҷа намуд. Ин миллати меҳмоннавоз қудуми мубораки ин меҳмони олиқадрро воло ҳисобида ба хубӣ пазируфт. Гарчанде бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини афсонавӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда миллати баруманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми баруманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардониданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд, зеро ин миллати бузургро марди бузургу дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Президенти Точикистони азиз, Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ мекунад. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду давлат орому миллат дилшод гардид.
Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд, мулоҳизакор будани миллат имруз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд. Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дустию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлол аст.
Бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли Тоҷикистон, ки соли 1994 сурат гирифта буд, қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ мебошад. Конститутсия мавқеи шахсро дар ҷамъият дар мадди аввал гузошт, ки он гувоҳи сохтани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд гардид.
Хулоса, тавассути истиқлолият Тоҷикистон тоҷикони ҷахонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.
Аз фурсати муносиб истифода намуда ҳамаи тоҷикони дунё ва хосатан кормандони ҳокимияти судиро ба муносибати 29 солгардиди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям.
Котиби маҷлиси судии
суди шаҳри Исфара: Исмоилзода Шавқат