Истиқлолият дастоварди муҳимтарин ва бебаҳо

Ҳамватанони азиз! 29 сол мешавад, ки мову Шумо соҳиби давлатему давлатдорони мустақилем. Таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик, ки баромӯхтаи тамоми дигар халқҳои ҷаҳон аст аз маданияти давлатдорию сиёсат сар карда, то одобу усул, урфу анъана ва фарҳангу ниёгонаш як оинаест, ки дар худ тамоми ҳастии ин мардуми ориёинажодро таҷассум мекунад. Боиси сарбаландию сарфарозии мост, ки мо чунин аслу насаб дорему бо ҳазор ифтихор худро ба ин гузаштаи бои хеш мешиносем ва ояндаамонро бо ин шинохт бунёд мекунем.
Аз китобҳои қадимаи аҷдодии меросӣ ва даврони муосири адибону нависандагони тоҷик хондаем ва ба хуби медонем, ки тӯли асрҳои мавҷудият ба сари миллати тоҷик чи рӯзҳое омаду буд. Чи азиятҳои сиёсиву ичтимоӣ кашида буда чи хиёнатҳое надида буд. Аммо дар баробари ҳамаи ин аз дастоварду муваффақият, комёбиҳою заффариятҳо ва сарбаландию сарфарозиҳо маҳрум набуд. Баръакс сарфи назар аз ҳамаи душвориҳо дар ҳама давру замон аз адолат ноумед набуд ва мунтазам мубориза мебурд. Худшиносиву худогоҳии мардуми тоҷик ҳамеша силоҳи асосии онҳо буд ва бар ҳама қувваҳои муқобил ғолиб меомад.
Ҳамаи ин барои мо ворисони имрӯза дарси ибрат буда, водоркунандаи он мебошад, ки давомдиҳандагони кори онҳо бошем.
Президенти мамлакат гуфта буданд, ки:-“Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихи миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.”
Имрӯз мову Шумо дар арафаи ҷашнгирии 29 солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Давоми ин 29 соли дар назари таърих як муҳлати кам Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо роҳбарии Сарвари одилу оқил ба ҳамаи он ҳадафҳое, ки ҳанӯз соли 1992 дар наздаш гузошта буд расад.
Мо ҳамагон шоҳидем, ки чи тавр давлати мо зина ба зина, қадам ба қадам душвориҳоро паси сар намуда ба пеш рафт. Аз он замоне, ки таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрока муҳимтарин масъала дар назди Ҳукумати ҷумҳури буд то имрӯз омада расидем, ки аз фаровонии неъмат чашм ба тамошо сер гашта ҷон ҳаловат мебарад. Ҳамаи ин бе заҳмат нест ва мо хуб медонем, ки барои имрӯза шароит, ки меҳнат карда ранҷ кашида шабу рӯз талош кардааст.
Ҷашни Истиқлолият ба ҳамаи ҳамватанон муборак бошад.

Судяи суди шаҳри Исфара: Юнусзода Р.П.