Паёми Президент қадамҳои нав барои рушди ояндаи Тоҷикистони азиз.

Дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки натанҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми ҷумҳурӣ гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмӯи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба баррасӣ гашта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.
Аз назари мазмун ва муҳтавои умумӣ маҳаки асосии Паёми имсолаи Пешвои миллатро таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар ва рушди бонизоми он метавон арзёбӣ намуд. Зеро дар он асосан ба маҳаки муҳими рушд, яъне ба иқтисодиёт аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст.
Аз ин рӯ, Паёми хешро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои Тоҷикистон дар соли сипаригардида оғоз намуда, махсусан қайд карданд, ки “татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд”.

Судяи суди шаҳри Исфара: Бобоҷонзода Н.Ш.