Интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
Санаи 4 декабри соли 2019 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ таҳти №1380 ба тасвиб расид, ки мувофиқи фармони мазкур гузаронидани интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2020, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикситон 27 марти соли 2020 ва интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот 1 марти соли 2020 таъин карда шуд.
Дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон камаш 75 рўз пеш аз ба охир расидани ваколатҳои аъзои Маҷлиси Олии даъвати қаблӣ таъин карда мешавад. Интихоботи Маҷлиси миллӣ 25 рўз баъд аз интихоботи Маҷлиси намояндагон гузаронида мешавад. Дар сурати пеш аз мўҳлат парокандашавии Маҷлиси Олӣ дар мавридҳои пешбиникардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 80 рўзи баъди парокандашавӣ интихоботро ба Маҷлиси Олӣ таъйин мекунад. Дар бораи рўзи интихобот дар мўҳлати се рўз баъд аз таъини он тавассути матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ хабар дода мешавад.
Мувофиқи моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди нисоб (квота) муқаррар карда намешавад. Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад. Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар асоси ҳуқуқи интихоботии бавосита бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад ва аз чор як ҳиссаи онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.
Мувофиқи моддаи 4 қонуни мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рўзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд. Ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон шаҳрвандоне таъин ва интихоб мешаванд, ки ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонун ҷавобгў буда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз 5 соли охир истиқомат дошта бошанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рўзи интихобот ба 18 расидааст, сарфи назар аз вазъи иҷтимоию молумулкӣ, мансубияти сиёсӣ, нажодӣ ва миллӣ, ҷинс, забон, маълумот, мазҳаб ва шуғл ҳуқуқи интихоб кардан доранд. Ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон шаҳрвандоне интихоб ва таъин мешаванд, ки ба синни дар Конститутсия ва Қонун пешбинишуда расидаанд. Шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд. Шарту шароити интихоб нашудан ва бо статуси узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон номувофиқ будани вазифаи ишғолкардаи шаҳрвандонро Конститутсия ва Қонун муайян мекунад. Интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд.
Дар асоси моддаи 6 Қонуни мазкур вакилони халқ ба Маҷлиси намояндагон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита интихоб карда мешаванд. Аъзои Маҷлиси миллӣ аз тарафи вакилони мақомоти намояндагии маҳаллӣ интихоб мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси қонуни амалкунанда овоздиҳӣ дар интихоботи аъзои Мачлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пинҳонӣ мебошад. Мудохила ба изҳори иродаи овоздиҳандагон манъ аст. Тайёр намудан ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи комиссияҳои интихобот ба таври шаффоф ва ошкоро сурат мегирад. Комиссияҳои интихобот аз кори худ, аз ташкили ҳавзаҳои интихобот, участкаҳои интихобот, ҳайат, ҷою вақти кори комиссияҳои интихобот ба аҳолӣ хабар медиҳанд ва онҳоро бо рўйхати интихобкунандагон, феҳристи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот иштироккунанда шинос мекунанд, дар бораи номзадҳо, натиҷаи овоздиҳӣ ва интихобот маълумот медиҳанд.
Намояндагони матбуот, телевизион ва радио дар маҷлисҳои комиссияҳои интихобот иштирок карда, дар биноҳои овоздиҳӣ ҳузур дошта метавонанд, рафти тайёрӣ ва гузаронидани интихобот, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботро инъикос менамоянд.
Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бошад интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мўҳлати панҷ сол гузаронида мешавад ва интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия умумӣ аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рўзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд. Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт вакили беш аз ду мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ буда наметавонад. Интихобкунандагон дар асоси ҳуқуқи баробар дар интихобот иштирок мекунанд ва ҳар кадоми онҳо як овоз доранд. Вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи шаҳрвандон мустақиман интихоб карда мешаванд. Овоздиҳӣ дар интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ озодона ва пинҳонӣ мебошад. Назорат ба изҳори иродаи интихобкунандагон манъ аст.
Тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи комиссияҳои интихобот ошкоро сурат мегирад ва дар воситаҳои ахбори омма инъикос мегардад. Комиссияҳои интихобот ба шаҳрвандон аз кори худ, аз таъсиси ҳавзаҳо ва участкаҳои интихобот, ҳайат, ҷою соати корашон ва аз рўйхати интихобкунандагон хабар медиҳанд. Комиссияҳои интихобот натиҷаи бақайдгирии номзадҳоро ба вакилӣ, шарҳи ҳоли номзадҳои бақайдгирифта, натиҷаи овозҳои гирифтаи ҳар номзад ва ҷамъбасти интихоботро ба маълумоти шаҳрвандон мерасонанд. Дар маҷлисҳои комиссияҳои интихобот, дар бинои овоздиҳӣ дар рўзи интихобот ва ҳангоми ҳисобкунии овозҳо як нафарӣ намоянда (нозир) аз ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакилӣ пешниҳод кардаанд, шахсони боэътимоди номзадҳои мустақил, намояндаҳои матбуот, телевизион ва радио ҳузур дошта метавонанд. Ваколатҳои онҳо бояд бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ карда шуда бошанд.
Ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакилӣ пешбарӣ кардаанд, дар бораи намояндагони худ камаш панҷ рўз пеш аз интихобот ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот хабар медиҳанд. Ба рафти овоздиҳӣ ва ба фаъолияти комиссияҳои интихобот дахолат кардани намояндагон ва нозирон мумкин нест. Онҳо метавонанд бо иҷозати раиси комиссияи дахлдори интихобот савол диҳанд ва шарҳи онро талаб намоянд, диққати аъзоёни комиссия ва ҳозиронро ба роҳ ёфтани вайронкунии Қонуни конститутсионии мазкур ҷалб созанд. Воситаҳои ахбори омма рафти тайёрии интихобот ва гузаронидани он, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботиро инъикос мекунанд.
Дар асоси моддаи 7 қонуни мазкур барои интихоботи вакилон миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот ташкил карда мешаванд, ки ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе на бештар аз 70 ҳавзаи интихобот, ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр, ноҳия на бештар аз 40 ҳавзаи интихобот. Аз ҳар ҳавзаи интихобот як вакил ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ, интихоб карда мешавад. Миқдори ҳавзаҳои интихоботро барои интихоботи Маҷлисҳои маҳаллиии вакилони халқ ба ҳадди меъёри муқарраркардаи Қонун Маҷлиси дахлдор бо назардошти шумораи интихобкунандагон, ҳудуд ва шароити дигари маҳаллӣ муқаррар менамояд. Ҳавзаҳои интихоботро комиссияи дахлдори интихоботи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия одатан бо шумораи баробари интихобкунандагон ташкил медиҳад. Ҳудуди ҳавзаҳои интихобот бо назардошти сохтори ҳудудии вилоят, шаҳру ноҳияҳо бо ризоияти раисони дахлдор муайян карда мешавад. Рўйхати ҳавзаҳои интихоботро, ки дар он ҳудуд ва шумораи интихобкунандагон зикр ёфтааст, комиссияи дахлдори интихобот на дертар аз 15 рўзи баъди таъин гардидани интихобот чоп мекунад. Участкаҳои интихобот бо назардошти ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, ноҳияҳои шаҳр бо мақсади муҳайё сохтани шароити муносиб барои интихобкунандагон ташкил карда мешаванд. Участкаҳои интихобот дар санаторияву хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, дар ноҳияҳои дурдасту душворгузари маҳаллӣ, маҳалли сукунати шаҳрвандон ташкил шуда метавонанд. Ин участкаҳои интихобот ба ҳавзаҳои интихоботи маҳалли ҷойгиршавии онҳо дохил мешаванд. Участкаҳои интихобот аз тарафи комиссияҳои интихоботи шаҳр, ноҳия бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд. Участкаҳои интихобот на дератр аз рўзи бисту панҷуми баъди таъин гардидани интихобот ташкил карда мешаванд. Дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар участкаҳои интихобот дар ҳамон мўҳлат, дар мавридҳои истисно бошад, панҷ рўз пеш аз интихобот ташкил карда мешаванд. Участкаҳои интихобот одатан бо шумораи на камтар аз 20 нафар ва на бештар аз 3000 нафар интихобкунанда ташкил карда мешавад. Бинои овоздиҳии ҳар участкаи интихоботро раиси шаҳру ноҳия муайян мекунад.
Комисиияи интихоботи шаҳру ноҳия участкаи интихоботро рақамгузорӣ мекунад ва ҳудуди ҳар участкаи интихоботро бо зикри маҳалли комиссияи участкавии интихобот ва бинои овоздиҳӣ ба интихобкунандагон хабар медиҳад.
Санаи 11-уми декабри соли 2019 вакилони маҷлиси халқии шаҳри Исфара дар иҷлосияи бисту дуюми ғайринавбатии маҷлиси вакилони халқии шаҳри Исфара даъвати панҷум дар баробари қабул якчанд қарорҳо қарори худро дар бораи миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара қабул намуд, ки барои гузаронидани интихобот ба Маҷлиси вакилони шаҳри Исфара 40 ҳавзаи ҳудудии интихобот ташкил карда мешавад.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» интихоботи вакилон ба Ҷамоат умумӣ аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро ба Ҷамоат доранд. Интихобкунандагон дар асоси баробар дар интихобот иштирок мекунанд ва ҳар кадоми онҳо як овоз доранд. Вакилони Ҷамоат аз тарафи шаҳрвандон бевосита интихоб карда мешаванд. Овоздиҳӣ дар интихоботи вакилони Ҷамоат озод ва пинҳонӣ сурат мегирад.
Тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Ҷамоат аз тарафи комиссияи интихоботи Ҷамоат ва комиссияҳои ҳавзавии интихоботи вакилони Ҷамоат ошкоро сурат мегирад. Комиссияи интихоботи Ҷамоат ва комиссияҳои ҳавзавии интихоботи вакилони Ҷамоат ба шаҳрвандон аз фаъолияти худ хабар медиҳанд ва ҷамъбасти интихоботро эълон мекунанд. Интихоботи вакилони Ҷамоат на дертар аз 40 рўзи ба охир расидани мўҳлати ваколати вакилони Ҷамоати даъвати амалкунанда бо қарори Ҷамоат таъин карда мешавад. Маблағгузории интихоботи Ҷамоат аз ҳисоби буҷети Ҷамоат сурат мегирад.
Барои интихоботи вакилони Ҷамоат на кам аз 15 ва на зиёда аз 40 ҳавзаи интихобот ташкил карда мешавад. Шумораи ҳавзаҳои интихоботро Ҷамоат муқаррар менамояд. Аз ҳар ҳавзаи интихобот як вакили Ҷамоат интихоб карда мешавад.
Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Ҷамоат комиссияи интихоботи Ҷамоат аз тарафи Ҷамоат таъсис дода мешавад. Комиссияи интихоботи Ҷамоат на дертар аз панҷ рўзи баъди таъин гардидани интихобот дар ҳайати 7-13 нафар ташкил карда мешавад. Комиссияи интихоботи Ҷамоат дар ҳайати раис, муовини раис, котиби Комиссия ва аъзои он интихоб карда мешавад.
Номзадҳо ба вакили Ҷамоат ба таври худпешбарӣ, бо ҷамъ намудани имзоҳои на камтар аз 5 фоизи интихобкунандагони ҳавзаи дахлдор сурат мегирад. Пешбарии номзадҳо 25 рўз пеш аз интихобот сар шуда, 15 рўз пеш аз рўзи овоздиҳӣ ба охир мерасад.
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ў аз 18 кам набошад ва дар ҳудуди шаҳрак ва деҳоти дахлдор на камтар аз 3 соли охир истиқомат дошта бошад ва забони давлатиро донад, метавонад номзад ба вакили Ҷамоат пешбарӣ шавад.
Ходимони касбии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Муссаллаҳ, дигар қўшуну сохторҳои ҳарбӣ, судяҳо, прокурорҳо, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати аз вазифа ба истеъфо рафтанашон метавонанд номзад ба вакили Ҷамоат пешбарӣ шаванд.
Интихобкунандагон дар биноҳои махсусе овоз медиҳанд, ки дар он ҳуҷраҳо ва дигар ҷойҳои махсус барои овоздиҳии пинҳонӣ таҷҳизонида шудаанд. Раиси комиссияи ҳавзавии интихобот рўзи интихобот пеш аз оғози овоздиҳӣ дар ҳузури ҳамаи аъзои комиссия қуттиҳои овоздиҳиро аз назар гузаронида, онҳоро сурғуч мекунад ё мўҳр мегузорад. Ҳар интихобкунанда шахсан худаш овоз медиҳад. Ба ҷои шахси дигар овоз додан манъ аст. Додани зиёда аз як бюллетен ба интихобкунанда манъ аст. Бюллетенҳои интихобот ба интихобкунандагон барои комиссияи ҳавзавии интихобот дар асоси рўйхати интихобкунандагони ҳавзаи интихобот баъди пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда дода мешавад. Ҳар як интихобкунанда ба тарафдории як номзад овоз медиҳад. Бюллетенҳое, ки дар онҳо ба тарафдории ду ва ё зиёда номзадҳо ё ба ягон номзад овоз дода нашудааст, беэътибор дониста мешаванд. Қуттиҳои овоздиҳӣ аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот дар ҳузури ҳамаи аъзои он баъди аз тарафи раиси комиссия тамомшуда эълон гардидани овоздиҳӣ кушода мешаванд. Кушодани қуттиҳои овоздиҳӣ то пурра ба итмом расидани вақти овоздиҳӣ манъ аст. Натиҷаи ҳисоби овозҳо дар маҷлиси комиссияи ҳавзавии интихобот баррасӣ гардида, ба протокол дохил карда мешавад, ки ба он раис, котиб ва аъзои комиссия имзо мегузоранд. Протокол ба комиссияи интихоботи Ҷамоат пешниҳод карда мешавад. Номзаде ба вакилии Ҷамоат интихобгардида дониста мешавад, ки дар интихобот аз 50 фоиз зиёди овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифтааст. Комиссияи ҳавзавии интихобот аз сабаби дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисобкунии овозҳо роҳ додан ба вайрон карда шудани Қонун метавонад интихоботро беэътибор ҳисобад. Интихобот барпонашуда дониста мешавад, агар дар он камтар аз 50 фоизи интихобкунандагони ба рўйхати интихобкунандагон дохилшуда иштирок карда бошанд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш ва даъват ба амал меорем, ки дар амали намудани ҳуқуқҳои конститутсионии худ ҷиҳати иштирок намудан дар ин маъракаи сиёсӣ – интихобот фаъолона иштирок намуда, барои пешрафти давлати азизамон Тоҷикистон ҳиссагузор бошанд.
Масъули сомонаи суд: Давронӣ С.Ш.