ПАРЧАМ ИФТИХОР ВА САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ АСТ.

Дар таърихи инсоният парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва ғолибият истифода мешуд. Силсилаи подшоҳони Пешдодӣ, Каёниёну Сосониён ва Сомониён дар лаҳзаҳои коргузор аз дирафшу ливоҳои гуногунҳаҷму гуногунранг васеъ истифода мебурдаанд. Парчамро азиз медонистанд, онро аз ҳар чиз, аз ҳар ҳодиса эмин медоштанд, зеро он нишони ҳастии миллат буд. Ин гуна эҳтиром имрӯз низ ба ҷой оварда мешавад ва Парчамро нишони ғолибият медонанд, зеро ҳангоми муҳорибаҳо онро дар пештоқи биное, ки ба муҳосира гирифта шуд (аз ҷониби ғолиб) ва ё баръакс аз муҳосира бароварда шуд, насб мекарданд. Насби Парчами давлатӣ ва ё бардоштани он аз ҷониби шаҳрвандон одоби худро дорад, ки муттаассифона на ҳар кас аз он огоҳ аст.
Дар Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барафрохтани Парчам омадааст, ки дар вақти афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои ид, ҷашнҳо ва маросиму чорабиниҳои тантанавӣ дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, биноҳои истиқоматӣ, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликияташон гузаронида мешавад. Дар ин ҳангом парчам бояд дар болои сар ба таври рост бардошта шавад.
Дар бораи парчамдорию парчамбардорӣ ва дигар қонуну қоидаҳои вобаста ба парчами давлатӣ дар ҳамаи санадҳо қонунҳои давлатҳои ҷаҳон бобу моддаҳое оварда шудаанд, ки моҳияти ҳамаи онҳо як аст: эҳтиром ба Парчами давлатӣ. Онро тавре бояд бардошт, ки дар он эҳтиром, ифтихор ва садоқат ба таври якҷоя пайваст гардида, нишони арзиши баланд бардоштани муқаддасоти миллиро ифода намояд.
Ҷавонони кишвар, ки парчамбардорони кишваранд, ҳамеша дар хотир бояд доранд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихор ва эҳтиром аст. Онро дар болои сар рост доранд ва хам накунанд. Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Бинобарин, мардуми кишвар зери Парчами давлати худ мувофиқати манфиатҳои умумимиллӣ барои устувории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу субот истифода баранд.
Судяи суди шаҳри Исфара: Абдуллозода Муаттархон.