Танзим ибтидои некуаҳволист

Ба шарофати Истиқлолияти миллӣ мардуми мо ҳаёти осоишта ба сар мебаранд. Сатҳи камбизоати то рафт коҳиш ёфта истодааст, ки ин ҳама аз тадбирандешиҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз қабили чунин чораҷӯиҳост, ки 12-сол инҷониб дар беҳбудонии рӯзгори халқ ҳисса гузошта истодааст.
То қабули қонуни мазкур дар ҷомеа шахсоне бонуфузу сарватмандгашта тӯю сури худро барои бодабдаба гузаронидан талош мекарданд. Ҳар яки чунин ашхос аз ҳамдигар пеш гузаштан мехостанд. Сабқат ба расм даромад. Мардуми дараҷаи сатҳи зиндагиашон паст аз онҳо барои ақиб намондан қарзу қавола мекарданд. Хушбахтона роҳи ҷаҳолату таассуб сари вақт пешгирӣ гардид. Дар ҳамин раванд маросими азодорӣ ва таъзия тартиби худро ёфт. Албатта дар он талаботҳои шариати Ислом ва мазҳаби Имом Абуҳанифа мавриди назар қарор гирифта ҷавобгӯй ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Тибқи талаботи он хароҷоти маросими мотам оддиву сода гузаронида шуда, мурдагӯрони на чун як маросими худнамоӣ, балки чун амволи неку савоб анҷом меёбад.
Тоҷикистон чун кишвари соҳибистиқлол имрӯз дар қатори давлатҳои мутамаддин ҷой ишғол кардааст. Қабули Қонуни Танзим собит мекунад, ки шаҳрвандони мо ба тамаддуни ҷаҳонӣ пайванд гирифта ва арзишҳои умумибашарӣ ҳусни эътимод доранд.
Гирад аз танзим охир ибтидо,
Зиндагии тозаву озода ҳам.
М.Ғоиб

Судяи суди шаҳри Исфара: Абдуллозода М.
Мақолаи мазкур дар маҷаллаи оммавӣ-фарҳангии Моҳтоб таҳти №8 дар соли 2019 ба чоп расидааст)