13-соли маҳруми озодӣ барои ба марг расонидани бародар
Бо ҳукми суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз санаи 8 августи соли 2024 Хусаинов Аҳрор Музафарович бо моддаи 110 қисми 3 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати сенздаҳ (13) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт, таъин карда шуд.
https://youtu.be/ehPZzawIcZM?feature=shared Нашри видео аз 19 августи соли 2024
Суд муайян кард, ки Хусаинов Аҳрор Музафарович шаби 4 ба 5 июни соли 2024 дар фарогирии соати 03:00 дақиқа, дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар суроғаи дар шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Хонобод, кӯчаи Н. Ҳаитов, ҳавлии № 28 қарор дошта, бо бародараш Хусаинов Аваз Музафарович нӯшокии спиртӣ истеъмол намудааст. Баъдан, онҳо дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо ҳам ҷанҷолу моҷаро кардаанд. Дар рафти ин ҷанҷолу моҷаро Хусаинов А.М. нисбати бародараш Хусаинов Аваз Музафарович зӯроварӣ истифода намуда, бо дасту пояш ба сару рӯй ва бадани номбурда якчанд маротиба задааст. Сипас, Хусаинов Аваз Музафарович бо мақсади ба кӯча баромада рафтан ба тарафи дарвозаи ҳавлиашон ҳаракат намудааст. Ин ҳолатро дида, Хусаинов А.М. аз саҳни ҳавлӣ асбоби кишоварзии “зоғнул”-ро гирифта, бо мақсади бо ин олот расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ онро ба тарафи бародараш Хусаинов А.М. ҳаво додааст, ки ин олот ба аъзои бадани охирон зада, аз таъсираш ҷароҳат бардошта, ба замин афтидааст.
Хусаинов А.М. қасди расонидани ҷароҳати ҷисмониашро давом дода, пас аз ба замин афтидани бародараш, ки номбурда бинобар дар ҳолати сахти мастӣ буданаш дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт, вайро аз қисмати сараш қапида бо мақсади расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ якчанд маротиба сарашро ба замин зада, баъдан бардошта ба дохили ҳуҷраи истиқоматиаш даровардааст.
Пас аз ба ҳуҷраи истиқоматӣ даромадан Хусаинов Аҳрор Музафарович боз ба истеъмоли нӯшокии спиртӣ машғул гаштааст, ки бародараш Хусаинов Аваз ба наздаш омада хоҳиш кардааст, ки ба вай низ нӯшокии спиртӣ диҳад. Хусаинов Аҳрор Музафарович аз ин амали бародараш хашмгин гашта, дар ҳолати мастӣ худро идора карда натавониста, термоси оҳанинро гирифта, бо он якчанд маротиба ба сари бародараш задааст. Дар натиҷа номбурда аз ҳуш рафта, дар он ҷо хобидааст ва аз таъсири ҷароҳатҳои сершумори бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ таҳти № 8 аз санаи 13 июни соли 2024 ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштаи Хусаинов Аваз Музафарович дар намуди осеби пӯшидаи косахона ва майнаи cap, хунрезиҳо дар бофтаҳои майнаи cap ва меъдачаҳои майнаи cap, осеби пӯшидаи кунди қафаси сина, шикасти пӯшидаи беҷошудаи қабурғаҳои 3, 6, 7, 8, 9 ва 10 аз тарафи чап бо ҷароҳатноки шуши чап, гематоракс, захм, хароша ва хуномусҳои зиёди бадан бо оризаи хунравиҳои шадиди даруна ва беруна, ки бо аломати бевосита ба ҳаёти одам таҳдидовар буданашон, ҳамчун зарари вазнини ба саломати расонидашуда мансуб дониста шуда, боиси марги Хусаинов А.М. гаштааст.
(Моддаи 110 қисми 3 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад, нисбати шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ ба гунаҳгор аён аст ва аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардидааст, муқаррар мекунад)
Масъули сомона,
Пристави суди шаҳри Исфара
Давронӣ С.Ш.