Забон кафолати адолати судӣ

Забон дар низоми судӣ яке аз воситаҳои муҳиму асосӣ ба шумор меравад. Бе истифодаи дурусту фаҳмои забон фаъолияти суд, муҳокимаи парвандаҳо ва қабули қарорҳо ғайриимкон аст. Зеро адолати судӣ танҳо дар шароите таъмин мешавад, ки ҳамаи иштирокчиёни мурофиаи судӣ гуфтаҳои якдигарро дуруст дарк намоянд ва фикру далелҳои худро озодона баён карда тавонанд.

Дар баррасии парвандаҳои гуногун забон на танҳо василаи иртиботи мутақобила, балки кафолати адолат ва шаффофият аст. Судя, ҳимоятгар, айбдоркунандаи давлатӣ, шоҳидон ва дигар иштирокдорон тавассути забон далелҳоро пешниҳод ва мавқеи худро шарҳ медиҳанд. Агар истифодаи забон нофаҳмо бошад, хатари таҳриф ё нодуруст фаҳмидани моҳияти парванда ба миён меояд.

Қонунгузории миллии Тоҷикистон ба ҳар як шахс ҳуқуқ медиҳад, ки дар суд бо забоне, ки медонад, баёнот диҳад ва дар ҳолати зарурат тарҷумон талаб кунад. Ин кафолати муҳими риояи ҳуқуқҳои инсон аст ва имкон медиҳад, ки шаҳрвандон аз хизматрасонии судӣ бидуни монеа истифода баранд.

Ҳамзамон, ҳамаи қарорҳо, протоколҳо ва ҳуҷҷатҳои расмии судӣ бояд бо забони давлатӣ таҳия шаванд. Ин талабот на танҳо барои таъмин намудани эътибори ҳуҷҷатҳо, балки барои ягонагии фазои ҳуқуқӣ ва ҳифзи забони миллӣ аҳамияти калон дорад. Истифодаи дурусти истилоҳҳои ҳуқуқӣ ва тарзи баён дар ҳуҷҷатҳои судӣ ва раванди муҳокима ба кам кардани ихтилофҳои ҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз нодуруст тафсир шудани қонун мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, кормандони соҳаи суд бояд ҳамеша ба сатҳи баланд ва дурустии истифодаи забон аҳамиятиҷиддӣ диҳанд.

Ҳар сол дар кишвари мо Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн маънои ҳифз, арҷгузорӣ ва рушди забони модариро дорад. Дар чунин рӯз аҳаммияти забон ҳамчун рукни истиқлолият ва давлатдории миллӣ, инчунин нақши он дар соҳаҳои муҳим аз ҷумла дар низоми судӣ бештар равшан мешавад. Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ моро водор месозад, ки на танҳо дар зиндагии ҳаррӯза, балки дар кору фаъолият низ забони давлатиро бо масъулияти баланд истифода барем.

Хулоса, забон дар соҳаи суд танҳо як воситаи муошират нест, балки унсури калидии адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ моро ба ин масъулият водор мекунад, ки дар ҳар соҳа, махсусан дар низоми судӣ, забони давлатиро дуруст, равон ва бо эҳтиром ба кор барем, то адолат, шаффофият ва қонуният таъмин гардад.

Судяи суди шаҳри Исфара:       Фарҳодзода Н.