Вохӯриҳои судманди роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд
Судяҳои суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд Маликзода Н.Ғ., Раҳмонзода М.С. ва Шарифзода М.М. бо ҳамроҳии кормандони дастгоҳи суд Исмоилзода Ш., Раҳимзода Р.С. ва Аюбзода А.
Бо мақсади иҷрои супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9 марти соли 2024 баён доштанд, инчунин таъмини иҷрои протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2025, таҳти № 3 дар самти пурзӯр намудани намудани назорат ва пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар низоми энергетикӣ ва супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар корхонаву муассиса ва ташкилотҳои дигар, дар байни аҳолӣ доир ба риояи қатъии муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифодаи дурусту самараноки неруи барқ санаи 8 октябри соли 2025 бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Исфара дар «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Навгилем ва МТМУ № 32-и Ҷамоати деҳоти Навгилем вохӯрии судманд гузаронида шуд.

Муовини раиси суди шаҳри Исфара — Низомӣ Ш.А.
дар филиали «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Исфара
Зимни вохӯрӣ бо кормандони «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Исфара муовини Раиси суди шаҳри Исфара Низомӣ Ш.А. дар мавзӯҳои риояи қатъии муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифодаи дурусту самараноки неруи барқ ва дигар қонунҳои амалкунанда баромад намуда, ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас баён намуд.


кормандони филиали «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Исфара зимни вохӯрӣ
Рафти вохӯрӣ бо кормандон, фаъолони ва сокинони Ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара муовини якуми Раиси суди шаҳри Исфара Абдуллозода М. ва судяи суди шаҳри Исфара дар мавзӯҳои риояи қатъии муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифодаи дурусту самараноки неруи барқ ва масъалаи бекор кардани ақди никоҳ дар ҳудуди Ҷамоат баромад намуда, ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас баён намуданд.

Муовини якуми раиси суд Абдуллозода М. ва судя Муродзода Ҷ.З. зимни вохӯрӣ

Кормандон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара зимни вохӯрӣ
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо омӯзгорон ва хонандагони МТМУ № 32-и Ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара судяи суди шаҳри Исфара Маликзода Н.Ғ. дар мавзӯи ташаккули маънавиёти солиму созанда, сарҷамъона мубориза бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм ва хурофотпарастӣ, судяи суди шаҳри Исфара Раҳмонзода М.С. дар мавзӯҳои моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва судяи суди шаҳри Исфара Шарифзода М. дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас баён намуданд.

Саҳни МТМУ № 32-и шаҳри Исфара

Хонандагони синфҳои болоии МТМУ № 32-и шаҳри Исфара

Масъули сомонаи суд,
ДАВРОНӢ С.Ш.
Суди шаҳри Исфара 