Вохӯрӣ дар муассисаҳои таълимӣ

Санаи 26 майи соли 2025 гуруҳи корӣ аз ҳисоби кормандони суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иҷро намудани нақшаи дохилиидоравии суд дар муассисаҳои таълимии рақамҳои № 1, 2 ва 18-и шаҳри Исфара бо омӯзгорон ва хонандагон вохӯрӣ гузаронида, оид ба муҳтавои маърифати оиладорӣ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодабарии қувваи барқ баромад намуда, доир ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Масъули сомона: Давронӣ С.Ш.