Вохӯрӣ дар Маркази санҷиши минтақавии Агентии Тоҷикстандарт
Бо мақсади иҷрои супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷихати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9 марти соли 2024 баён доштанд, инчунин таъмини иҷрои протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2025, таҳти Nº3 дар самти пурзӯр намудани назорат ва пешгирии ҳолатхои қонунвайронкунӣ дар низоми энергетикӣ ва супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар корхонаву муасиса ва ташкилотҳои дигар, дар байни аҳолӣ доир ба риояи қатьии муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифодаи дурусту самараноки неруи барқ санаи 16 сентябри соли 2025 бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Исфара бо кормандони Маркази санҷиши минтақавии Агентии Тоҷикстандарт дар шаҳри Исфара вохӯрии судманд гузаронида шуд.
Зимни вохӯрӣ судяи суди шаҳри Исфара Фарҳодзода Н. бо мақсади пурзӯр намудани корҳои амалӣ бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда, сарҷамъона мубориза бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм ва хурофотпарастӣ баромад намуд.
Ҳамчунин, судяҳои суди шаҳри Исфара Шарифзода М. ва Раҳмонзода М.С. дар мавзуҳои риояи қатьии муқаррароти конунгузорӣ дар самти
истифодаи дурусту самараноки неруи барқ ва дигар қонунхои амалкунанда баромад намуда, ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас баён намуданд.
Масъули сомона:
Давронӣ С.Ш.