Вохӯрӣ дар мактаби байналмилалии Контакт

Санаи 19-уми майи соли 2025 муовини якуми Раиси суди шаҳри Исфара Абдуллозода М. бо ҳамроҳии судяҳои суди шаҳри Исфара Фарҳодзода Н. Маликзода Н.Ғ., Муродзода Ҷ.З. ва кормадони дастгоҳи суд Исмоилзода Ш., Давронӣ С.Ш. ва Салимов З. дар мактаби байналмилалии “Контакт” бо устодон ва хонандагони муассисаи мазкур вохӯрӣ гузарониданд.

Муовини якуми раиси суд Абдуллозода М. маҷлисро ифтитоҳ намуда оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ судяи суди шаҳри Исфара Фарҳодзода Н. дар мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва судяи суди шаҳри Исфара Маликзода Н.Ғ. оид ба тағиротҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи дурусту самараноки неруи барқ баромад намуданд.

Масъули сомона:                       Давронӣ С.Ш.