Табрикоти Раиси шаҳри Исфара ба муносибати Рӯзи кормандони ҳокимияти судӣ

Санаи 27 октябри соли 2025 Раиси шаҳри Исфара муҳтарам Баходурзода Баҳоваддин ба суди шаҳри Исфара ташриф оварда, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро ба муносибати Рӯзи кормандони ҳокимияти судӣ табрику муборакбод намуда, қайд намуданд, ки тайи солҳои сипаригашта ҳокимияти судӣ сиёсати амалигардонии адолат ва беҳтар намудани низоми қонунгузории давлатро дар амал татбиқ намудааст. Боиси қаноатмандист, ки кормандони ин шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ҷавобан ба ғамхориҳои ҳамарўзаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси мусъулиятшиносӣ, кордонии баланди касбӣ ва садоқат ба халку Ватан иҷро намуда истодаанд. Бо итиминони комил минбаъд ҳам кормандони ин ниҳоди давлатӣ ба фаъолияти пурсамар, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба халқу Ватан дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва тантанаи адолат саҳми арзандан худро мегузоранд.
Роҳбарияти суди шаҳри Исфара муҳтарам Мирзозода М. дар фарҷоми маҷлис миннатдории худ ва кулли корманди суди шаҳри Исфараро ба Раиси шаҳри Исфара муҳтарам Баҳодурзода Баҳоваддин расонида, қайд намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррўзаи худ қарор дода, минбаъд низ вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба халку Ватан иҷро намуда, барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва тантанаи адолати судию иҷтимоӣ саҳми арзандан худро мегузоранд.
Масъули сомона: Давронӣ С.Ш.
Суди шаҳри Исфара 