Стелаи рамзӣ
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи файзбахш маросими ифтитоҳи стелаи рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон доир гардида, ин падидаи нек бо ҳарфҳои заррин дар таърихи дӯстии мардумони тоҷик, ӯзбек ва қирғиз сабт хоҳад шуд.
Чорабинӣ дар доираи маросими имзои шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар сурат гирифта, дар он муовинони сарвазири се кишвар ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намудаанд.
Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Содир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар фазои тантанавӣ дар маросими ифтитоҳи фосилавии стелаи рамзӣ иштирок намуданд. Дар майдони ифтитоҳ садои карнаю сурнай ва мусиқӣ танинандоз гашта, дар чеҳраи иштирокдорони чорабинӣ шодиву нишот, эҳсосу умед ба ояндаи равшан ва итминони комил ба он ки дӯстиву ҳамкории се миллат дигарбора рушд хоҳад кард, ҳувайдо буд.