САБТИ БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ “МУРОФИА”

Санаи 21-23 майи соли 2025, дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ шудааст, сабти барномаи телевизионии “Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Мавзӯи барномаи навбатии “Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба яке аз масъалаҳои муҳими ҳуқуқи маданӣ — руёнидани маблағи қарз, фоизҳо ва ҷарима аз молу мулки ба гарав гузошташуда — бахшида шуда буд. Дар раванди мурофиаи судии намоишӣ, ки бо ҷалби судяи Суди шаҳри Исфара Маликзода Нуриддин Ғиёс баргузор гардид, бахси маданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дар натиҷа қарори дахлдори судӣ қабул шуд.

Манбаъ: Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Масъули сомона
Давронӣ С.Ш.