Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -рамзи ваҳдат, давлатдорӣ ва сарҷамъии миллат
Ҳар сол 16-уми ноябр мардуми Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими сиёсӣ ва таърихии кишвар — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳ ва ифтихори миллӣ таҷлил мекунанд. Ин рӯз ҳамчун рамзи ваҳдат, субот, давлатдорӣ ва эҳтиром ба мақоми олии сиёсӣ дар тақвими давлатӣ сабт гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 ин рӯз расман ҷашни миллӣ эълон гардид. Эътирофи ин сана ҳамчун Рӯзи Президент аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва таъмини пешрафти устувори кишвар шаҳодат медиҳад.
Бояд таъкид кард, ки барои хизматҳои бемислу монанди худ дар барқарорсозии сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олӣ ва пуршарафи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» дода шудааст. Ин унвон нишонаи эҳтироми амиқи мардум ба шахсе мебошад, ки кишвари аз ҷанг баромадаро ба сӯи оромӣ, ваҳдат ва рушду пешрафт раҳнамоӣ намуд.
Дар давраи роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон аз як давлати ҷангзада ба кишвари амну обод ва босубот табдил ёфт. Иқдомҳои созандаву дурбинандаи Президенти кишвар дар самти рушди иқтисод, илму маориф, фарҳанг, ҳифзи муҳити зист, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
16-уми ноябр на танҳо рӯзи арҷгузорӣ ба шахсияти Пешвои миллат аст, балки рӯзи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванд мебошад. Дар ин рӯз дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои тантанавӣ, конфронсҳои илмӣ, намоишҳои фарҳангӣ ва вохӯриҳои тарбиявӣ баргузор мегарданд, ки ҳама ба арҷ гузоштан ба сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат бахшида шудаанд.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созандагӣ, худшиносӣ ва пешрафти устувор қадам мегузорад.
Маҳз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат буд, ки сулҳ ва ваҳдати тоҷикон таҳким ёфт ва асоси давлати муосири миллӣ гузошта шуд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин рӯзи ифтихор аз роҳбари хирадманд, рӯзи шукргузорӣ аз осоиштагӣ ва ваҳдат, рӯзи пос доштани давлатдории миллӣ мебошад.
Ҳар як фарди кишвар бояд дар ин рӯз бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Пешвои миллат барои ободии Тоҷикистони азиз талош варзад.
Пристави судии суди шаҳри Исфара:
Давронӣ С.Ш.
Суди шаҳри Исфара 