Оила мактаби нахустини ҳаёт аст

 

Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои худ бахшида ба “Рӯзи модар” қайд карда буданд, ки: “Яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад. Агар оила ба тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ дода онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарури диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, доғи падару модар намегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад.” “……Аз қадим тарбияи фарзанди солим, некиродаву солеҳ ва ватандӯст дар таърихи халқи тоҷик яке аз вазифаҳои муқаддаси оила ва ҷамъият ба шумор мерафтааст. Ба ин масъала ҳам дар тамаддуни ориёӣ, ҳам дар фарҳанги исломӣ ва ҳам дар адабиёти оламшумули мо таваҷҷӯҳи бисёр ҷиддӣ зоҳир шудааст.”

Ин гуфтаҳои сарвари давлат дар худ ҳадафи ҳастии одамиро мебарад. Зеро фарзанди одам ҳам боғ мешаваду ҳам доғ ва барои ин боғу доғ як замина сабаб мегардад, ки он аз ҳама пеш оила аст.

Аз рӯзгори Аллома Абӯалӣ Ибни Сино ривояте ҳаст, ки падару модар фарзанди навзоди се моҳаи худро ба назди эшон бурда суол мекунанд, ки тарбияашро аз кайд оғоз кунанд ва чун Сино се моҳа будани кӯдакро мешунавад, мегӯяд, ки онҳо аллакай се моҳ дер карданд.

Яъне, тарбияи фарзанд аз рӯзи аввали ба дунё омаданаш сар мешавад. Дар асли воқеияти ҳастӣ бошад одамизод то вафоташ ба омӯзиш ниёз дорад.

Тарбия ин илми ахлоқ аст, ки асосгузори ташаккули дигар илмҳо буда, бузургон маҳз бо хушахлоқиашон ба бузургиҳо расидаанд. Барои ҳамин панд додаанд, ки: “Олим шудан осон, одам шудан мушкил аст”.

Мо ҳамагон аз хурди як байтро шунидаем, ки:

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Ташбеҳи ин маънӣ ба тарбияи фарзанд низ рост меояд, ки чи гуна таълимаш диҳем ҳамон хел бузург мешавад.

Мақсад аз ҳаёт ин насл аст, ки номи моро оянда нигоҳ дорад ва чи хуш аст агар ин номро ба некӣ ба забон оваранд.

Муҳаммад Пайғам бар (с) дар ҳадиси худ фармудаанд, ки: “Ҳар чиз ба асли худ мекашад”. Барои ҳамин пеш аз ҳама падару модар худашон таълими хуб дида дуруст тарбия гирифта бошанд. Баъд онҳо метавонанд, ки фарзандони солиму солеҳро ба воя расонанд, ки оянда онҳо худашон падару модари хуб шаванд.

Зеро он чи ки фарзандон аз оиладории хонаводаашон мебинанд, оянда дар оиладории худ истифода мебаранд. Бо ҳамин маъни Носири Хусрав низ фармудааст, ки:

Фарзанд ҳамон кунад ба ҳар ҳол,

К-аз модари хешу аз падари дид.

Тарбияи дурусти фарзанд меҳнати зиёди тӯлониро талаб мекунад ва ин корест ниҳояд душвор. Фарзандро байни мардум “Душмани ширин” ном мебаранд, чунки захмаш ба ҷон асту дуриаш фиғон. Ба ана ҳамин хотир Тошхӯҷаи Асирӣ дар байти худ гуфтааст, ки:

Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,

Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.

Байни мардум гуфтаҳое ҳаст, ки он чи тарбияте, ки кӯдак аз домони модар мегирад, ягон муаллиму омӯзгор дар дафтараш надорад. Зиштхӯию некмахзарии кӯдак мазҳ аз тарбияти модараш аст. Рӯзгори ҳар яки мову Шумо низ ин суханҳоро далел аст, ки оромиши хонаводаву хушнудии фарзандон аз модарону ҳамсарон вобаста аст.

Ҷомеаи имрӯзаи мо якҷоя бо ҷомеаи ҷаҳонӣ як муҳите мебошад, ки дар баробари воситаю имкониятҳо тарзи андешаю тафаккурҳо дигар шуда истодаанд. Замони тараққиёти илму техника, пешравиҳои коммуникатсионӣ ва инкишофи худшиносӣ дар мардум дар баробари муваффақиятҳо оварданаш, костагиҳоро дар канор нагузоштааст.

Пӯшида нест, ки имрӯз мардум аз омӯзиш, дакр ва риояи арзишҳои маънавии инсонӣ, ки аз азал буданд то андаке дур мондаанд. Ин дуршавӣ бошад аз ҳама бештар дар одобу маданияти оиладорӣ ба назар мерасад, ки ниҳоят ташвишовар аст.

Ишқ, муҳаббат, боварию самимият, меҳру вафодорӣ, пурсабрию дурандешӣ, ки поктарин ҳиссиёту эҳсосот ва олитарин сифатҳои одамианд, имрӯзҳо байни мардум кам шуда истодаанд. Аз ин хотир мустаҳкам гардонии онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як узви ҷомеа мебошад.

Вайрон шудани оила, ҷудо шудани зану шавҳар, бе парастор мондани кӯдакон, пайдо шудани хусумату бадбини байни наздикону хешон, сар задании ҳар гуна ходисаҳо, даст задани шаҳрвандон ба ҷиноят ва худкушиву сӯиқасди худкуши, яке аз масъалаҳои ҳал талаби марбути рӯз ба ҳисоб меравад. Солҳои охир шумораи ин номгӯй рухдодҳо дар ҳамаи гӯшаву канори кишвар зиёд шуда истода омӯзиши сабабу асос ва пешгирии онҳо хамчун вазифаи аввалиндараҷа дар мадди назари давлату ҷамъият қарор дорад.

Таҷрибаи суди дар миқёси тамоми Ҷумҳури нишон дода истодааст, ки баҳсҳои оилави рӯз то рӯз зиёд шуда истода теъдоди зиёди парвандаҳо бо даъво оиди бекор кардани ақди никоҳ барраси карда шуда истодааст. Тарғиботу ташвиқоте, ки барои пешгири кардани вайроншавии оилаҳо бурда мешаванд натиҷаи дилхоҳ надода истодаст ва корҳои фаҳмондадиҳи аз натиҷаву хулосаҳои бардошташуда бармеояд, ки ба таври кофи ба роҳ монда нашудааст.

Онҳое, ки худ дар оила дуруст тарбия гирифтаанд, худашон низ дуруст оиладори мекунанд.

Мегӯянд, ки обод кардани манзил, шинонидани дарахт ва тарбия намудани фарзанд се амале мебошанд, ки ҳар шахс бояд дар умри худ анҷом диҳад. Чун самари ин амалҳо номи касро зинда нигоҳ дошта маҳсули умри гузаронидаашро нишон медиҳанд. Имрӯзи мо фардои фарзандони мо аст ва ин гуфтаҳо ба худ чанд паҳлӯву чанд мазмун дорад. Дар байни халқ масале ҳаст, ки фарзанд азиз, вале одобаш аз вай хам азизтар аст. Ҳар шахс бояд дар фарзанданди худ хештанро бинад ва чи гунае, ки худашро дидан мехоҳад фарзандашро он тавр тарбия кунад. Бояд баҳри он кӯшиш кард, ки фарзандон танҳо хушнуди оранд ва падару модар, миллат аз доштани чунин фарзанд фахр кунанд.

Судяи суди

шаҳри Исфара: Раҳмонзода М.С.