НЕРӮИ БАРҚ. РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУН БА НАФЪИ ҶОМЕА АСТ
Мақсади асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика таъмини сифатноки эҳтиёҷоти рӯзафзуни ҷумҳурӣ ба захираю маҳсулоти энергетикӣ вакафолати амнияти энергетикии кишвар мебошад. Аҳамияти ҳаётӣ доштани ин соҳаро ба назар гирифта, Ҳукумати мамлакат, ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум, таъмини истиқлоли комили энергетикии кишварро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуд.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид сол ба сол талабот ба нерӯи барқ бештар гардида, ду воситаи раҳоӣ аз ин норасоӣ пешниҳод мешавад:
– афзун кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ, яъне сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқӣ вадигар манбаъҳои энергетикӣ, таҷдиди воситаҳои мавҷуда;
– сарфакорона ва самаранок истифода бурдани ин нерӯ.
Дуруст аст, ки дар солҳои истиқлоли давлатӣ дастовардҳои кишвари мо дар соҳаи энергетика зиёданд. Вале дар баробари тақвияти иқтидори энергетикии кишвар, бинобар афзоиши аҳолӣ ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишвар талабот ба нерӯи барқ низ ҳамасола афзоиш ёфта, тамоюли афзоиши шумораи истифодабарандагони нерӯи барқ нисбат ба иқтидорҳои истеҳсолӣ зиёд аст. Дар ин ҳолат, албатта, истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва риояи реҷаи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ хеле муҳим аст.
Дар ҷумҳурии мо нерӯи барқ асосан аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқи обӣ 90 дарсад ва боқимонда 10 фоиз аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ истеҳсол мешавад. Яъне,истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ, асосан аз захираҳои обӣ вобаста буда, системаи энергетикии кишвар айни замон то пурра бунёд ёфтани Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва пур кардани обанбори он, ки дорои имконияти таъминоти бисёрсола мегардад, аз табиат ва вазъи обу ҳаво вобастагӣ дорад.
Барои ҳамин айни замон он иқтидореро, ки дар ихтиёр дорем, бояд самаранок истифода барем. Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе муштариён ҳаққи истифодаи қувваи барқро сари вақт пардохт наменамоянд. Аз ин лиҳоз, вазъи кунунӣ ва зарурати ҳалли мушкилоти соҳаро ба назар гирифта, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Бо қонунҳои мазкур, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 253(1) илова гардид, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ мекунад. Тарафи объективии ин ҷиноятро ду кирдори алоҳида ташкил медиҳад:
1) аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он;
2) истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ.
Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир кардани ин кирдорҳо ҳамон вақт ба амал меояд, ки агар ин кирдорҳо ё яке аз онҳо бо мақсади насупурдани маблағи истифодаи барқ ва дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад. Дар ин маврид сухан дар бораи ҷазои маъмурӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки 15-уми апрели соли 2025 дар таҳрири нав қабул шуд, меравад.
Тибқи ин модда барои кирдорҳои зерин ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷазо пешбинӣ шудааст:
1) истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ;
2) худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ;
3) истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ;
4) кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ;
5) инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупурдани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят.
Мафҳуми “ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят” чунин маъно дорад, ки агар яке аз кирдорҳои болозикр дар робита ба истифодаи нерӯи барқ, ба истиснои кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, ба миқдори калон ва ё махсусан калон, аз ҷониби шахс бо истифодааз мақоми хизматӣ ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир нашуда бошад, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда мешавад.
Дар ин маврид танҳо пас аз татбиқи ин ҷазои маъмурӣ, яъне аз рӯзи пардохти маблағи ҷарима сар карда, дар давоми як соли тақвимӣ, агар аз ҷониби ин шахс боз чунин кирдор содир карда шавад, нисбат ба ӯ бо қисми 1 моддаи 253(1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Тибқи раводиди қисми мазкур барои содир кардани ин ҷиноят ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол татбиқ карда мешавад.
Бар асоси қисми 2 моддаи мазкур, ҳамин кирдор, агар ба миқдори калон, аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, бидуни преюдитсияи маъмурӣ, яъне новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Дар асоси қисми 3 моддаи 253(1) Кодекси ҷиноятӣ низ кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боиси ба миён омадани ҷавобгарии ҷиноятӣ гардида, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Миқдори калон ва миқдори махсусан калон дар эзоҳи моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ шарҳ дода шудаанд, ки мутобиқи он миқдори калон аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба ва ба миқдори махсусан калон бошад, аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди кишварро мебояд дар истифодаи қувваи барқ ба вайрон кардани талаботи қонун роҳ надиҳад. Ҳар фарде, ки Ватани худро азиз медонад, бояд ҳамеша дар пайи корҳои созандагиву ободонӣ бошад, бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли худ кору фаъолият карда, дар амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшишу талош намояд.
Судяи суди шаҳри Исфараи
вилояти Суғд Маликзода Н.Ғ.