Мурофиаи сайёри судӣ ва вохӯрӣ бо шаҳрвандон

Санаи 06.06.2025 сол дар бинои МТМУ17-и деҳаи Зумрадшоҳи Ҷамоати деҳоти Зумради шаҳри Исфара вохӯрии намояндагони суди шаҳри Исфара ва ҳамчунин мурофиаи сайёри судии баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ш.А. бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Раёсати маорифи шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Зумрад, фаъолони маҳал ва падару модарони хонандагони муассисаи таълимии мазкур баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ судяи суди шаҳри Исфара Маликзода Н.Ғ. пристави судии суди шаҳри Исфара Давронӣ С.Ш. ва котиби суди шаҳри Исфара Раҳимзода Р.С. оид ба пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу

ҳаракатҳои мамнӯъ, терроризм ва экстремизм, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, доир ба саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Масъули сомона:              Давронӣ С.Ш.