Мурофиаи сайёри судӣ ва вохӯрӣ бо шаҳрвандон

Санаи 16.05.2025 сол дар бинои Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара вохӯрии намояндагони суди шаҳри Исфара ва ҳамчунин мурофиаи сайёри судии баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Э.А. бо моддаи 481 қисми 5 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Ҷамоати деҳоти Кӯлканд, фаъолони маҳал ва раисони маҳаллаҳо баргузор гардид.

  1. Дар рафти вохӯрӣ муовини якуми раиси суди шаҳри Исфара Абдуллозода М. пристави судии суди шаҳри Исфара Давронӣ С.Ш. ва котиби суди шаҳри Исфара Аюбзода А. оид ба пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, терроризм ва экстремизм, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, доир ба саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Масъули сомона: Давронӣ С.Ш.