Мурофиаи сайёри судӣ ва вохӯрӣ бо омӯзгорон

Санаи 12.05.2025 сол дар бинои МТМУ10-и шаҳри Исфара вохӯрии намояндагони суди шаҳри Исфара ва ҳамчунин мурофиаи сайёри судии баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Д.Ҳ. бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ муовини якуми раиси суди шаҳри Исфара Абдуллозода М. пристави судии суди шаҳри Исфара Давронӣ С.Ш. ва котиби суди шаҳри Исфара Аюбзода А. оид ба пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, терроризм ва экстремизм, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷинояткорӣ дар байни занон ва ноболиғон суханронӣ намуда, доир ба саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Масъули сомона: Давронӣ С.Ш.