ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ҶАВОНОН РОҲ КУШОД
Шукронаи истиқлолият ва дастовардҳои он, ки имрӯзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳнатдӯсти мо дар раҳи рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор мегузорад. Аз ин рӯ, комилан табиист, ки вазъи имрӯзаи кишварамон дарку эҳсоси нави арзишҳои миллиро тақозо дорад.
Таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик саршор аз воқеаву рухдодҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоиест, ки дар пешрафти тамаддуни халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Воқеаи сиёсии муҳимтарине, ки дар даврони навини таърихи тоҷикон ба вуқуъ пайваст, ин бешубҳа дастёбӣ ба Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Дар ин давра барои мо имкони воқеӣ фароҳам омад, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Бояд гуфт, ки бо расидан ба Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳсил ва ҳунаромӯзии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойи корӣ таваҷҷуҳи хосса дода, пешниҳодоти ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд. Тавре худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, “Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд.”
Вохӯриҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони кишвар собит месозад, ки Сарвари давлат ба неруи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони зиёд доранд. Аз ин рӯ, ҳар мулоқот бо ҷавонони кишвар бо падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб оғоз меёбад.
Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон қабул гардида, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар самти ватанпарастӣ таъсис ёфтанд.
М.АБДУЛЛОЗОДА,
муовини якуми раиси
суди шаҳри Исфара