Дарси худомӯзӣ

Мувофиқи нақшаи кории дохилиидоравии суди шаҳри Исфара барои давраи кории нимсолаи якуми соли 2025 ҷихати ташкил ва гузаронидани
дарсҳои худомӯзии қонунҳои соҳавӣ ва Кодексҳо байни кормандони дасттоҳи суди шаҳри Исфара санаи 23-юми апрели соли 2025 дар суди
шаҳри Исфараи вилояти Суғд дарси худомӯзии навбатии кормандони дастгоҳи суд гузаронида шуд.

Баромадкунанда пристави судии суди шаҳри Исфара Давронӣ Сорбон Шоғуфронзода оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масьулият барои таълиму тарбияи кӯдак» баромад намуда, дар якҷоягӣ бо кормандони дастгохи суд дар шакли саволу ҷавоб омӯзиши матни пурраи Қонуни мазкур ба роҳ монда шуд.

Масьули сомона:                 Давронӣ С.Ш.