Барқро сарфакорона истифода бояд бурд!

Қувваи барқ неъмати арзишманд аст, ки бояд оқилона истифода шавад. Дар асри XXI, ки ҷаҳони муосир бо суръати баланд тараққӣ мекунад, қувваи барқ яке аз асоситарин сутунҳои зиндагӣ ва пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз равшан кардани хона то ба кор даровардани бузургтарин корхонаҳо — ҳама ба қувваи барқ ниёз доранд. Аммо бо зиёд шудани талабот ба неруи барқ ва афзоиши аҳолӣ, истифодаи сарфакорона ва самараноки он ба як масъалаи ҷиддии ҷомеа табдил ёфтааст. Дар Тоҷикистон қувваи барқ асосан аз манбаъҳои обӣ  истеҳсол мегардад. Бо вуҷуди фаровонии обҳои равон, имконияти истифодаи онҳо беинтиҳо нест. Барои ҳамин, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки ҳар як киловатт-соат барқе, ки ӯ истифода мекунад, самараи заҳмати даҳҳо мутахассис ва захираи муҳимми табиӣ мебошад.

Сарфакории қувваи барқ  натанҳо барои кам кардани пардохтҳо, балки барои ҳифзи муҳити зист ва таъмини барқ барои дигарон низ муҳим аст. Хомӯш нагардонидани чароғҳои нолозим, истифодаи таҷҳизоти куҳна ва самаранокии паст, васл кардани асбобҳо дар ҳолати ғайрифаъол ҳамаи ин омилҳоеанд, ки сабаби талафи неруи барқ мегарданд.

Чӣ гуна метавонем сарфакор бошем?

1. Истифодаи лампаҳои каммасраф, хусусан лампаҳои LED;
2. Хомӯш кардани таҷҳизоти барқӣ, вақ
те ки истифода намешавад;
3. Иваз кардани дастгоҳҳои куҳна бо таҷҳизоти наву каммасраф;
4. Нигоҳубини дурусти таҷҳизот, то ки неруи барқ беҳуда сарф нашавад;
5. Истифодаи рӯшноии табиӣ дар рӯзона;
6. Аз ҳад зиёд истифода набурдани дастгоҳҳои гармидиҳанда ё хунуккунанда.

Мо бояд аз кӯдакӣ ба худ ва атрофиён ёд диҳем, ки қувваи барқро чӣ гуна бояд сарфакорона истифода кард. Омӯзгорон, волидайн ва роҳбарони муассисаҳо метавонанд дар ташаккули ин маданият нақши муҳим бозанд. Барои ин, бештар гузаронидани суҳбатҳо, навиштани мақолаҳо, ташкил кардани маъракаҳои иттилоотӣ ва таълимӣ хеле муассир аст.

Қувваи барқ неъмати осмонӣ нест он заҳмати инсон ва бахши муҳимми иқтисоди миллӣ аст.

Пас, биёед ба ин сарвати миллӣ бо эҳтиром муносибат намоем. Сарфакорӣ танҳо маънои кам истифода карданро надорад, балки дуруст, оқилона ва бо дарки масъулият истифода бурдани он мебошад

Аз имрӯз сар карда, қувваи барқро сарфакорона истифода барем ба нафъи худ, ҷомеа ва наслҳои оянда!

М.АБДУЛЛОЗОДА,

муовини якуми раиси суди шаҳри Исфара.

ДАВРОНӢ Сорбон Шоғуфронзода,

пристави судии суди шаҳри Исфара.