Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон
Ҷиҳати таъмини иҷрои супориши роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2024 таҳти №466-10\1-18 оид ба амалисозии Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 аз ҷониби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Исфара мавриди корбарӣ ва иҷроиши қатъии онҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар ин асно, бо мақсади пурзӯр намудани корҳои амалӣ бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда, инчунин сарҷамъона мубориза бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз чумла терроризм ва экстремизм, хурофотпарастӣ ва дигар ҳаракатҳои пешгирикунандаи паҳншавии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремизтӣ дар кишвар ва баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон дар моҳи марти соли 2025 аз ҷониби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Исфара 6 маротиба мулоқоту вохӯриҳо байни аҳолӣ доир намуда, мафҳуму моҳияти меёрҳои қонунгузорӣ фаҳмонида шуда, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тавассути воситаҳои ахбори омма низ гузаронида шудаанд. Аз ҷумла 3 маротиба дар садо, 2 маротиба дар симо, ки ҳамаи онҳо баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахрвандон равона карда шуда, минбаъд низ дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида мешавад.
Масъули сомона: Давронӣ С. Ш.