БА ДОМИ ФИРЕБИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ НААФТЕД

Имрӯз масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амният ва суботи ҷомеа ба шумор меравад. Гарчанде дар ин самт дар сатҳҳои давлатӣ ва маҳаллӣ чораҳои зиёд андешида мешаванд, ҳамоно эҳтиёҷ ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва динии ҷавонон боқӣ мемонад.

Ҳамасола мақомоти судӣ парвандаҳоеро ҳам мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ки нисбати ҷавонони ноогоҳи ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтода боз шудаанд. Мутаассифона, баъзе аз онҳо бо сабаби надоштани дониш ва ҷаҳонбинии кофӣ ба таблиғоти бардурӯғу ғаразноки гурӯҳҳои ифротӣ эътимод мебанданд, роҳеро интихоб мекунанд, ки оқибаташ пушаймонӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ аст.

Баъзе ҷавонон гумон мекунанд, ки ин гурӯҳҳо ба онҳо «адолат», «озодӣ», «саодат» меоранд. Аммо таҷрибаи воқеӣ нишон медиҳад, ки онҳо баръакс маҷрои зиндагии орому осудаи онҳо ва наздиконашонро халалдор месозанд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм барои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои номатлуб ва ҳамкорӣ бо онҳо ҷавобгарии ҷиддиро пешбинӣ намудааст.

Шаҳри Исфара яке минтақаҳое мебошад, ки теъдоди ҷавонон байни аҳолӣ афзалияти назаррас дорад. Биноан дар ин ҷо дар боби пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ — экстремистӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд. Бо иштироки судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, намояндагони соҳаи маориф ва ходимони дин дар муассисаҳои таълимӣ суҳбату вохӯриҳои судманд доир мегарданд. Ҳадафи асосии чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи шуурнокии сиёсӣ ва худогоҳии ҷавонон аст. Мо кӯшиш мекунем, ба ҷавонон фаҳмонем, ки зиндагии арзанда дар таҳсил, меҳнат, одоби хуб ва ватандӯстӣ аст, на дар пайравӣ аз гурӯҳҳои бегонаву хатарзо.

Дар ин ҷода масъалаи дигари муҳим ин нақши оила ва муҳити тарбиявӣ аст. Ҷавон вақте аз ҷониби падару модар дастгирӣ мебинад, вақте дар хона муҳити солим ҳаст, эҳтимоли ба роҳи нодуруст рафтани ӯ камтар хоҳад шуд. Ба фарзандон вақти бештар ҷудо намудан, суҳбат кардан бо онҳо, назорати истифодаи интернет — ин ҳама роҳҳои муассири пешгирист.

Ҷомеаи мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Агар як нафар ҷавон ба роҳи бад равад, зарари он на танҳо ба худаш, балки ба оила, маҳалла ва ҳатто тамоми ҷомеа мерасад.

Мо, кормандони суд омодаем дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо барои тарбияи дурусти ҳуқуқии ҷавонон саҳм бигирем. Мо боварӣ дорем, ки тавассути шарҳу тавзеҳи талаботи қонунгузорӣ, пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастгирии руҳиву равонии ҷавонон метавон бисёр мушкилиҳоро пешгирӣ кард.

Ҷавонон бояд донанд, ки ояндаи Ватан дар дасти онҳост. Онҳо бояд амиқан дарк намоянд, ки роҳи ҳақиқии ватандориву ҷавонмардӣ, ин расидан ба қадри сулҳу субот, истиқлол ва ваҳдати миллӣ аст.

Х. НИЯЗОВ,

Э. М. ДАВРОНЗОДА,

котибони маҷлиси судии суди шаҳри Исфара