ҶАЛАСАИ ПЛЕНУМИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 1 майи соли 2025 дар толори Суди Олӣ маҷлиси навбатии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи кори Пленум дар он масъалаҳои ташкили фаъолияти корӣ баррасӣ гардиданд. Бо назардошти тағйироти кадрие, ки дар ҳокимияти судӣ бо қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2025 ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2025 №976 гузаронида шуданд, пешниҳодҳои Раиси Суди Олӣ оиди тасдиқ намудани ҳайати Раёсати Суди Олӣ, раёсатҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, коллегияҳои судии Суди Олӣ, ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Нашрияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон, Пленуми Суди Олӣ пешниҳодҳои Раиси Суди Олиро дар бораи тасдиқ намудани раисони коллегияҳои судии Суди Олиро баррасӣ намуд.
Бо қарорҳои Пленуми суди Олӣ Бобохонзода Асомуддин ба вазифаи раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ ва Ҳафиззода Тимур Ҷамшед ба вазифаи раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.