Ҷаласаи корӣ

Санаи 19 майи соли 2025 дар толори Суди шаҳри Исфара маҷлиси ҳарҳафтаинаи назди роҳбарияти суд баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Суд муҳтарам Мирзозода М., муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуданд.

Дар ҷаласа Раиси Суд ҳолатҳои кориро қайд намуда, ба зарурати татбиқи дуруст ва саривақтии талаботи қонунгузорӣ, тақвияти риояи пурраи интизоми корӣ ва назорати қатъии иҷрои санадҳои судиро таъкид карданд.

Ҳамчунин, масъалаи саривақт баррасии парвандаҳо, супоридани парвандаҳо ба шубаҳои коргузорӣ, ба тарафҳо супоридани санадҳои судӣ, инчунин, риояи муҳлатҳои мурофиавӣ, назорати қатъии рӯёниши ҷаримаҳо ба манфиати давлат, иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Суди Олӣ, фаъол будани сомонаи суд ва таъмини саривақтии иҷроиши супоришҳои дигар давлатҳо мавриди муҳокима ва таҳлил қарор гирифт. Ба судяҳо дастур дода шуд, ки ҳама санадҳои судиро бо риояи дақиқи қонунгузорӣ ва масъулияти баланд таҳия намуда, назорати қитъии онҳоро ба роҳ монанд.

Дар фарҷоми маҷлис, Раиси Суд ҳамаи кормандонро оид ба ҳисси баланди ватандӯстӣ, содиқонаю поквиҷдонона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ва шаффофи вазифаҳои худ даъват намуда, зарурати тақвияти назорат ва риояи интизоми кориро таъкид карданд.

Масъули сомона:                    Давронӣ С.Ш.