АХБОРИ СУДӢ

ОҚИБАТИ ҚАЛЛОБӢ
Суди шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятиро нисбати сокини 37-солаи шаҳри Исфара (таҳсилоташ миёна, оиладор, соҳиби як нафар фарзанд, расман кор. намекунад) Т. Н. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард, ки номбурда санаи 8 августи соли 2024 бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ воситаи нақлиёти тамғаи “Хундай-Аванте”-ро ба маблағи 75 000 сомонӣ бо тариқи насия аз шаҳрванд У. Ҷ. харидорӣ намуда, ваъда додааст, ки то санаи 8-уми ноябри соли 2024 маблағи пулиашро ба пуррагӣ пардохт менамояд. Баъди бо роҳи қаллобӣ тасарруф намудани автомашинаи  зикршуда ӯ воситаи нақлиёти мазкурро ба маблағи 50 000 сомонӣ, яъне арзонтар аз маблағи харид ба шахси номаълум фурӯхта, ба У. Ҷ.ягон миқдор маблағ надодааст ва маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш масраф намудааст. Бо ин кирдори барқасдонааш судшаванда ба шаҳрванд Ҷ.У.Ш. ба маблағи умумии 75 000 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст. Баъди муроҷиати У. Ҷ.ва нисбаташ оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, дар рафти тафтишоти пешакӣ зарари расонидашуда аз тарафи хешовандони судшаванда ба пуррагӣ барқарор карда шудааст.

Т. Н. такроран санаи 25 марти соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванди дигар — Н. У. даромада, як адад воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи “Мерседес-Бенс 212”-ро ба маблағи 140 000 сомонӣ бо тариқи насия харидорӣ намуда, бо мақсади ба боварии Н. У. даромадан, дар вақти савдо 35 000 сомониро нақд дода, ваъда кардааст, ки боқимонда 105 000 сомониашро дар давоми як моҳ пардохт менамояд. У. Н. бехабар аз нияту мақсадҳои ҷинояткоронаи Т. Н. ба вай бовар карда, бо розигии худ автомашинаашро аз қайд бароварда, ба ӯ супоридааст. Баъди комилан соҳиб шудан ба воситаи нақлиёт Т. Н. автомашинаи мазкурро ба шаҳрванд М. А. ба маблағи 95 000 сомонӣ, яъне кам аз арзиши харидоригардида фурӯхта, маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш харҷ намудааст. Бо ин кирдори барқасдонаи худ, Т. Н.ба шаҳрванд Н. У.ба миқдори умумии 105 000 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст, ки дар рафти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ, зарари ба Н. У. расонидааш ба пуррагӣ барқарор карда шудааст.

Суд Т. Н.ро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 950 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 71250 сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 1 сол, таъин намуд.

Н. Ғ. Маликзода,

судяи суди шаҳри Исфара.

***

ЗАМИНФУРӮШИ БЕЗАМИН

Ҳ. О. (сокини 45-солаи Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, таҳсилоташ миёна, оиладор, соҳиби чор нафар фарзанд, бекор, қаблан  якчанд маротиба суд шудааст) давоми моҳи майи соли 2019 огоҳ гардидааст, ки ҳамдеҳааш Ҳ. Н. нияти аз ҳудуди деҳаашон харидорӣ намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дораду дар ҷустуҷӯӣ қитъаи замин мебошад. Ҳ. О. санаи 6 майи соли 2019 дидаю дониста, ки ҳуқуқи фарӯхтан ва ҷудо карда додани қитъаи заминро надорад, аз рӯйи манфиатҷӯии шахсӣ, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо роҳи фиреб ба боварии Ҳ. Н. даромада, қитъаи замини таъиноташ кишоварзӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, кӯчаи Холисон бо масоҳати 900 метри мураббаъ ва қитъаи дуюми замини ҳамин минтақаро ба масоҳати 1200 метри мураббаъро, ки замини чарогоҳи санглохи таъиноти кишоварзӣ маҳсуб мешаванд, ба номбурда ҳамчун заминҳои меросии шахсии худаш ба маблағи 90 000 сомонӣ фурӯхтааст.

Бо ин кирдори қаллобонаи худ қонеъ нашуда, Ҳ. О. санаи 17 ноябри соли 2021 ба хонаи истиқоматии Ҳ. Н.ҳозир гашта, бо баҳонаи ба номи охирон ҳуҷҷатгузорӣ карда додани қитъаи заминҳои болозикр 1300 долари ИМА, баробар ба 15 000 сомонӣ маблағро бо роҳи фиреб тасарруф намуда, ба минфиати шахсии худ харҷ кардааст. Бо ин кирдораш Ҳ. О. ва Ҳ. Н. ба маблағи умумӣ 105 000 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Боз, ба ин қонеъ нашуда, Ҳ. О. дар асоси маслиҳати пешакӣ бо тағояш У. Б. дидаю дониста, ки ҳуқуқи фурӯхтан ва ҷудо карда, додани қитъаи заминро надоранд, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо роҳи қаллобӣ давоми моҳи июни соли 2021 ба боварии шаҳрванд А. В. даромада, қитъаи замини қаблан ба каси дигар фурӯхтаашро боз ҳам чун заминҳои меросии шахсӣ муаррифӣ карда, ба маблағи 136 000 сомонӣ нархгузорӣ карда, аз А. В. 51 000 сомонӣ гирифтаанд ва ваъда додаанд, ки қитъаи замини мазкурро дар рӯзҳои наздик ба номи охирон ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд. Аммо қаллобон маблағҳои ба даст овардаашонро ба манфиати шахсиашон харҷ карда, ба А. В. зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд.

Ҳ. О. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, аз рӯйи маслиҳати пешакӣ бо рафиқаш Ҳ. Қ. бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, давоми моҳи апрели соли 2022 такроран бо роҳи фиреб ба боварии ҳамдеҳаи дигараш А. А. даромада, ба номбурда 0,78 га замини хоҷагии деҳқонии Бутиқӯзиев Даврон Шамсиевич, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Хонободро, ки ба заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансуб мебошад, нишон дода, онро ҳамчун заминҳои фурӯшӣ муаррифӣ карда, 150000 сомонӣ нархгузорӣ намуда, ваъда медиҳад, ки баъди пардохти маблағи пулии зикргардида ҳуҷҷатҳои қитъаи заминро пешниҳод мекунад. А. А. бехабар аз ин ниятҳои ғаразноки онҳо ба гумроҳӣ рафта, дар ду лаҳза, дар ҳудуди қитъаи замини мазкур аввал 20 000 сомониро ҳамчун пешпардохт ва дар дуюм лаҳза, як адад автомашинаи тамғаи “Митсубиши Пеҷеро”-ро ба арзиши 100000 сомонӣ ва 24 000 сомонии нақд, дар умум 144 000 сомониро ба Ҳ. О. ва Ҳ. Қ. додааст, ки номбурдагон ин маблағҳоро ба манфиатҳои шахсаиашон харҷ намуда, ба А. А. зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд.

Ҳамчунин, Ҳ. О. давоми моҳи апрели соли 2023 огоҳ гардидааст, ки ҳамдеҳааш К. Ғ. бо нияти харидорӣ замини боғоти зардолу ҷустуҷӯӣ дорад. Ӯ аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо рафиқаш Ҳ. Қ. дар маркази Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо К. Ғ. вохӯрда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо роҳи фиреб ба боварии номбурда даромада, замини боғоти зардолуи Куманов Тоир Ташбоевич, воқеъ дар суроғаи шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Хонобод, деҳаи Янгиободро бо масоҳати 1 га ҳамчун қитъаи боғи фурӯшӣ пешниҳод карда, 45 000 сомонӣ нарх намудааст. К. Ғ. бехабар аз нияти ғаразноки Ҳ. О. ва Ҳ. Қ. замини мазкурро ба нархи 45 000 сомонӣ харидорӣ намуда, 29 000 сомониро ҳамчун пешпардохт ба қаллобон додааст, ки онҳо ин миқдор маблағи пулиро тасарруф карда, ягон амалро ба манфиати К. Ғ. анҷом надода, пас аз даъвои охирон 5000 сомониро баргардонида, боқимонда 24 000 сомонӣ маблағро ба манфиатҳои шахсиашон харҷ карда, ба номбурда зарари калони моддӣ расонидаанд.

Ҳамин тариқ, Ҳ О. бо роҳи фиреб аз ҷабрдидагон дар умум 324 000 сомонӣ маблағро дар якҷоягӣ бо ҳаммаслаконаш тасарруф карда, ба манфиатҳои шахсиаш харҷ кардааст.

Бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ба Ҳ. О. ҷазои ниҳоӣ бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 9 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомии пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати 3 солу 6 моҳ, таъин карда шуд.

Ҳамчунин суд қарор кард, ки аз ҳисоби судшаванда Ҳ. О. ба фоидаи ҷабрдида Ҳ. Н. 105 000 сомонӣ, ба фоидаи ҷабрдида А. В. 51 000 сомонӣ ва ба фоидаи ҷабрдида А. А. 144000 сомонӣ ва ба фоидаи ҷабрдида К. Ғ. 24 000 сомонӣ зарарҳои моддии расонида шуда рӯёнида шавад.

Н. Ғ. Маликзода,

судяи суди шаҳри Исфара.

***

60 ДОНА ТАРБУЗ ВА 6 МОҲ ҲАБС

Сокини 42 солаи Ҷамоати деҳот Навгилем (таҳсилоташ миёна, бекор, оиладор, соҳиби се фарзанд) И.С.Т. санаи 14 августи соли 2025 соати 22:40 дақиқа дар ҳолати мастӣ бо мақсади дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр бо сечархаи барқӣ ба кӯчаи Б. Ғафуров маркази шаҳр меравад. Дар он ҷо автомашинаи боркаши тамғаи ГАЗЕЛ, (рақами қайди давлатиаш 80 66 EC 01)-ро, ки ба шахрванд Қ.И. С. тааллуқ дорад, мебинад. Дар бордони ГАЗЕЛ тарбузи бисёр буд. И.С.Т. ба назди автомашина рафта, аз фурсати қулай, яъне набудани соҳиби автомашина ва шахсони бегона дар гирду атроф истифода намуда, аз бордони он 60 дона тарбузро, ки арзиши умумиашон 1 000 сомониро ташкил медод, пинҳонӣ тасарруф намуда, ба сечархаи барқӣ бор карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Дар натичаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ худи ҳамон шаб шахсияти яғмогар муайян карда шуда, аз ӯ далелҳои шайъӣ дарёфт карда мешаванд.

И.С.Т. бо моддаи 244 қисми 2, банди «в»Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 6 моҳ, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ, таъин карда шуд.

Н. Ғ. Маликзода,

судяи суди шаҳри Исфара.

***

ДУЗДҲОИ САРХУШ

Сокини Ҷамоати шаҳраки Нефтобод Ҷ.С.М. (соли таваллудаш 1984, таҳсилоташ миёна, бекор, оиладор, соҳииби чор нафар фарзанд)  22 апрели соли 2025, дар фарогирии соати 19:30 дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамроҳии рафиқаш Ю.Ҷ.С. нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, зимнан маслиҳат мекунанд, ки аз хонаи ҳамсояи Ҷ.С.М. — Х.И.И., ки тамоми аҳли оила дар Федератсияи Русия қарор доштанд, дуздӣ содир менамоянд. Дар асоси ин маслиҳат ва нақшаи тарҳезӣ шуда Ҷ.С.М. ҳамроҳи рафиқаш тавассути болои девори байн ба манзили истиқоматии Х.И.И. гузашта, ғайриқонунӣ вориди таҳхона ва мошинсаройи он гардида, аз онҷо ба тариқи пинҳонӣ як адад нардбон (арзишаш 400 сомонӣ), як адад таҷҳизоти барқии «Перфоратор» (арзишаш 700 сомонӣ) ва як адад насоси обкашии истеҳсоли Федератсияи Русия (арзишаш 700 сомонӣ)-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Минбаъд Ҷ.С.М. ҳамроҳи рафиқаш Ю.Ҷ.С. нардбонро ба маблағи 180 сомонӣ ва таҷҳизоти барқии “Перфоратор”-ро ба маблағи 50 сомонӣ фурӯхта, маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашонро барои харидорӣ намудани машруботи спиртӣ сарф намудаанд.

Ҷ.С.М. бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «б,в,г»Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 2 сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ, таъин карда шуд.

Н. Ғ. Маликзода,

судяи суди шаҳри Исфара.

***

ҶОДУГАР АЗ ПЕШОМАДИ ХУД БЕХАБАР БУД

Шаҳрванд А. Р. маълумот ба даст овардааст, ки дар ҳудуди шаҳри Исфара зане — Н. М. бо сеҳру ҷодугарӣ машғул мебошад. Мард аввали моҳи январи соли 2025 бо ҳамроҳии Н. М. ҳамсуҳбат шуда, охиронро ба хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Навгилем даъват намудааст. Н. М. ба хонаи истиқоматии А. Р. ҳозир шуда, бо роҳи фиреб номбурдаро бовар кунонидааст, ки гӯё духтарашро аз ҳабс озод карда, хонаро аз сеҳру ҷоду тоза мекунад. Баъдан, М. Н.Ҳ. ба Р. А.Ш. шарт гузоштааст, ки ҳангоми ба озодӣ баромадани духтараш 1500 доллари ИМА-ро ҳамчун ҳаққи хизматаш диҳад.

Сипас, санаи 28 январи соли 2025 духтар дар асоси ҳукми суди шаҳри Исфара ба озодӣ баромадааст. Н. М. бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба А. Р. занг зада, бо роҳи фиреб вайро бовар кунонидааст, ки маҳз бо амалҳои анҷомдодаи ӯ духтараш аз ҳабс озод шудааст ва 1500 доллари ИМА-и ваъдакардаашро ҳамчун ҳаққи хизмат ба ӯ пардохт намояд.

Духтари А. Р. дар навбати худ аз ин ҳолати кор хабардор гардида, санаи 5 марти соли 2025 ба Н. М. занг зада, хоҳиш намудааст, ки бо сабаби надоштани шароити иқтисодӣ қисме аз маблағи ваъдагиро гирад. Н. М. розӣ шудаасту бо духтар барои мулоқот маконеро интихоб намудаанд. Ҳангоми аз духтар гирифтани 500 доллар маблағ Н. М.аз тарафи кормандони милитсияи ШВКД-1 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дастгир карда шудааст.

Н. М.(таваллудаш 6.04.1973, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, таҳсилоташ миёна, оиладор, соҳиби се нафар фарзанд, бекор)-ро суди шаҳри Исфара бо моддаи 247 қисми 2, банди “в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 37500 сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин намуд.

Н. Ғ. Маликзода,

судяи суди шаҳри Исфара.

***

ВАЙРОН НАМУДАНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ

Санаи 19 июни соли 2025, тахминан соати 19.00 дақиқа, шаҳрванд У.И.И.  (санаи таваллудаш 22.02.1984, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби се фарзанд, истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳраки Нефтобод) дар назди мағозаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Нефтобод, ки ҷои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад, қарор дошта, бо шаҳрванд И.Ӯ.И. бе ягон асос баҳсу мунозира намуда, нисбати охирон дашному ҳақоратҳои қабеҳро раво дидааст. Дар натиҷа тартиботи ҷамъиятӣ ва оромии шаҳрвандон ба муддати кӯтоҳ вайрон карда шудааст.

У.И.И. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 525 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Н. Ғ. Маликзода,

судяи суди шаҳри Исфара.

***

ДАР МАКОНИ МУҚАРАРШУДА ИБОДАТ КУНЕД

Сокини Ҷамоати деҳоти Ворух У.Р.Қ. (санаи таваллудаш 28.03.1958, таҳсилоташ миёна, нафақахӯр, оиладор соҳиби 4 фарзанд) бар хилофи талаботи моддаҳои 11, 20 сархати 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” амал намуда, санаи 31 июли соли 2025 соати 19:50 дақиқа дар дохили чойхонаи “Чорчинор”-и Ҷамоати деҳоти Ворух, ки барои анҷоми ибодат муқаррар нашудааст, ба ибодат машғул шудааст.

У.Р.Қ.бо моддаи 474 қисми 1 сархати 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ дар асоси ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи 1125 сомонӣ таъин карда шуд.

М.С. Раҳмонзода,

судяи суди шаҳри Исфара.

***

ТАЛАБОТИ ҚОНУНРО НОДИДА ГИРИФТ

Шаҳрванд З. Ҳ.талаботи қисми 3-и моддаи 12-и Конуни Ҷумҳурии Тоҷкистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дағалона вайрон намуда, баъди гузаронидани туйи домодию арӯсии духтараш соати 18:30 дақиқаи санаи 3-юми июли соли 2025 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар суроғаи шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Кўлканд бо иштироки зиёда аз 35 нафар меҳмонон ва хешу таборонаш бо додани ду намуд таом, маракаи домодталбон ва арусбинонро барпо намудааст.

З. Ҳ.бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисми 3-и моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Суди шаҳрӣ номбурдаро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи дусаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 16500 сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин кард.

М. С. Раҳмонзода,

судяи суди шаҳри Исфара.

***

ВАЙРОН НАМУДАНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ

Санаи 19 июни соли 2025, тахминан соати 19.00 дақиқа, шаҳрванд У.И.И.  (санаи таваллудаш 22.02.1984, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби се фарзанд, истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳраки Нефтобод) дар назди мағозаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Нефтобод, ки ҷои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад, қарор дошта, бо шаҳрванд И.Ӯ.И. бе ягон асос баҳсу мунозира намуда, нисбати охирон дашному ҳақоратҳои қабеҳро раво дидааст. Дар натиҷа тартиботи ҷамъиятӣ ва оромии шаҳрвандон ба муддати кӯтоҳ вайрон карда шудааст.

У.И.И. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 525 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

М. С. Раҳмонзода,

судяи суди шаҳри Исфара.