АХБОРИ СУДӢ
Шаҳрванд А.Ш.Ҳ. зодаи шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Сурх санаи 13-уми апрели соли 2025 соати 13:00 дар дохили яке аз нуқтаҳои фурӯши маркази тиҷоратии “Пайванд”-и шаҳри Исфара бо тоату ибодат машғул шудааст.
А.Ш.Ҳ. бо моддаи 474 қисми 1 сархати 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ дар асоси ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 1125 сомонӣ) ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
* * *
Истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, шаҳрванд И.Қ.Ҳ. санаи 7 июни соли 2025 соати 12:00 дар манзили истиқоматиаш маъракаи тӯйи арусии фарзандаш И.Х.Қ.-ро бе иҷозатнома ва тавсияи мақоми ваколатдор — комиссияи доимии маҳаллӣ гузаронидааст, ки бархилофи талаботи моддаи 18 қисми 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.
Дар рафти мурофиаи судӣ И.Қ.Ҳ. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ҷарима ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 750 сомонӣ) ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
* * *
4-уми феврали соли 2025 истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ шаҳрванд С.Ҳ.И. дар манзили истиқоматиаш ба муносибати аз ҳаҷи умра баргаштани модараш маъракаи ҳоҷиззиёратро гузаронидааст, ки бар хилофи талаботи моддаи 13 қисми 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.
Номбурда бо моддаи 481 қисми 5-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 22500 сомонӣ) ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
* * *
Истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Ворух шаҳрванд К.Д.Д. моҳи июни соли 2025 дар манзили истиқоматиаш ба шаҳрванд А.С.С. ғайриқонунӣ таълимоти динӣ додааст.
Судшаванда К.Д.Д. бо моддаи 474 иловаи 2 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи навад (90) нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 6750 сомонӣ) ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
М. АБДУЛЛОЗОДА,
муовини якуми раиси
суди шаҳри Исфара.
Суди шаҳри Исфара 