Қадаме ба сӯи адолат ва маърифат

Рӯзи 16 майи соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 мулоқоти судяҳо ва кормандони суди шаҳри Исфара бо хонандагон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ судяи суди шаҳри Исфара Шарифзода Манижа доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва тағйироту иловаҳо ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Зимни баромади худ ӯ ба зарурати истифодаи самараноку сарфакоронаи қувваи барқ таъкид намуда, хонандагонро бо ҷанбаҳои ҳуқуқии вайрон кардани қоидаҳои истифодаи неруи барқ шинос кард.
Дар идомаи ҷаласа котиби маҷлиси судӣ Сатторова Нигора бо маърӯза баромад карда, доир ба масъалаи муҳимми рӯз — баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, эҳтирому эҳсоси масъулият дар байни ҳамсарон, нақши падару модар дар мустаҳкам нигоҳ доштани устувории оила, инчунин роҳҳои пешгирии вайроншавии оилаҳо андешаронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки маҳз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии баъзе ҷавонон сабаби нофаҳмиҳо ва муноқишаҳои оилавӣ гардида, боиси парокандашавии хонаводаҳо мегардад. Зикр гардид, ки баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни навхонадорон ва тарбияи ҷавонписарону духтарон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои оилавӣ яке аз омилҳои асосии пешгирии ин раванд маҳсуб меёбад.
Минбаъд дар ҷараёни баргузории чорабинӣ пристави судии Суди шаҳри Исфара — Давронӣ Сорбон Шоғуфронзода бо суханронӣ баромад намуда, доир ба масъалаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон изҳори андеша намуд. Зимни баромади худ мавсуф ба масъалаҳои риояи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби наврасон, нақши волидайн, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар таълиму тарбияи дурусти насли наврас, инчунин роҳҳои муассири пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Ӯ таъкид кард, ки бо мақсади коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон бояд ҳамкории зич миёни ниҳодҳои давлатӣ, махсусан мақомоти судӣ, маориф ва корҳои дохилӣ, ба роҳ монда шавад.
Ин мулоқот бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон ва пешгирии қонуншиканиҳо дар байни ҷавонон баргузор гардида, барои таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Масъули сомона:                   Давронӣ С.Ш.